Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаҳои гуногун, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши робитаи мустақим бо аҳолии вилоят иқдоми наверо роҳандозӣ намуд.

Минбаъд сокинони вилояти Суғд метавонанд суолу пурсиш ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи мессенҷери Viber бо рақами 92 649-77-77 ба раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ирсол намоянд. Дар ин бора хадамоти матбуотии вилоят хабар дод.

Муроҷиати сокинони вилоят сари вақт ба масъулини мақомоти давлатӣ расонида мешавад ва ҷиҳати бартарафсозии камбудиву мушкилоти ҷойдошта корбарӣ хоҳанд шуд.

Нуралӣ Карим

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here