Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба хонандагону омӯзгорони литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд як дег оши палав ваъда кардааст. Дар ин бора шабакаи телевизиони маҳалии СМ-1 хабар дод.

Абдураҳмон Қодирӣ дар ин бора рӯзи 29-уми август дар машварати соҳаи маорифи Суғд дар ҳузури даҳҳо директору маорифчӣ ваъда кардааст. Ваъдаи «як дег оши палав» баъди он пеш омадааст, ки соли ҷорӣ 16 нафар мактабхони ин литсей дар олимпиадаи байналмиллалии кишварҳои Руминия, Малайзия, Русия ва Қазоқистон ҷойҳои ифтихориро касб карда, соҳиби ҷоизаи 155 ҳазорсомонии раиси вилояти Суғд шуданд. Директори литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд барои омода кардани шогирдон ба олимпиада бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуда, «беҳтарин директори сол» эълон гардида, бо сипосномаи мақомот ва 3000 сомонӣ мукофотонида шудааст. Инчунин, боз чор нафар аз омӯзгорони ин литсей барои омода кардани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмиллалӣ соҳиби 45 ҳазор сомонӣ ҷоизаи пулии раиси вилояти Суғд шуданд.

Акс аз СМ-1

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here