Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба як оилаи бехона дар шаҳри Бохтар, ки  ду набераи маъюб дорад, манзили истиқомати иборат аз ду ҳуҷра туҳфа кард.

Аз Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ки имрӯз, 5-уми март, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба оилаи камбизоат Ҳалима Дурманова, ки то имрӯз бо ду фарзанд ва ду набераи маъюбаш дар хонаи иҷора мезист, калиди манзили нави истиқоматиро дар шаҳри Бохтар тақдим кард.

Бояд гуфт, ки дар авали моҳи январи имсол бо супориши раиси вилоят ба як сокини дигари шаҳри Бохтар, ки дар таҳхонаи яке аз биноҳои баландошёна зиндагии сангин дошт, низ хона туҳфа шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here