Собиқ раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода баъди cе моҳи барканориаш ба вазифаи сардори Стансияи таҷрибавии панҷакентии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  таъйин гардидааст.

Ӯ дар ин вазифа номзади илмҳои кишоварзӣ Диловар Шералӣ, фарзанди шоири шӯҳратёр Лоиқ Шералиро иваз кардааст.

Ислом Зиёзода аз моҳи феврали соли 2015 то 11-уми ноябри соли 2020 роҳбарии шаҳри Панҷакентро ба зимма дошт.

Сабаби барканории Ислом Зиёзода, дар фармони президенти ҶТ таҳти  №60 аз 11-уми ноябри соли 2020, гузаштан ба кори дигар гуфта шуда буд.

Дар гузашта ӯ сардори Раёсати кишоварзӣ ва муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент буд. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрӣ мебошад.

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, аммо дар қиёс ба Зиёзода, Диловар Шералӣ дар соҳаи кишоварзӣ мутахассиси хуб буда, ду навъи нави шолиро бо номҳои “Панҷрӯд” ва “Саразм” ихтироъ кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here