Дар шабакаҳои иҷтимоӣ перомуни он ки ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев ба журналистон дӯғу даранг ва таҳдид кардааст, пайиҳам мавод пахш мегардад.  Ба гуфтаи ӯ аз дасташ ҳамаи кор меояд ва метавонад баъзе хабарнигорони расонаҳоро ҷисман низ аз байн бибарад. Гуфта мешавад, ки Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев аз интиқоди журналистон сахт ба ғазаб омадааст ва ҳамаи ҳарфҳои носазо, ки дар навори сабти овоз омадааст, алайҳи журналистон нигаронида шудааст.

— Агар як ҳафта муқаддам маҳсулоти корхонаи маро сахт танқид карда бошанд, даҳ ҳазор доллар диҳӣ, ҳафтаи дигар бар асоси реклама гуфта таърифу тавсиф мекунанд. Монопол, “Артел” хуб кор намекунад мегӯянд. Онҳо кистанд? Онҳо нокасонанд. Оё онҳо фарзандони модаранд, ё саг онҳоро зоидааст? Принсип надоранд, ифлосу қашшоқанд, — гуфтааст дар як навори сабти аудиоӣ ҳокими шаҳри Тошканд.

Дар идомаи ин суҳбати аудиоӣ Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев таҳдидомез изофа кардааст, ки барои ӯ бадном кардани журналистон кори мушкил нест. Коре мекунад, ки дар маҳаллаашон онҳоро мардум қабул намекунанд. Ҳатто падару модарони онҳо зери таънаву маломат мемонанд ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ҳамсояҳо шарм медоранд.

— Озодии баён аст! Дар чанд сония ман шуморо ба таксие бо “гей” ё ҳамҷинсгаро мешинонам, тамом, вассалом. Аккосӣ мекунанд ва бо ҳамин шуморо “гей” эълом медоранд, — гуфта шудааст дар ин сабти аудиоӣ ва дар идома омадааст: — Ҳар корро ташкил карда метавонам. Яке аз шумо аз хона мебароед ва ду-се рӯз нопадид мешавед. Шумо магар инро мехоҳед? Се рӯз нопадид шавӣ, ҳама сокит мемонанд. Ту зиндаӣ ё мурда, касе аз ту хабар намегирад ва баъди як ҳафта ҳама туро фаромӯш мекунанд. Куҷое ғарқ шудаву мурдагист, мегӯянд. Ана, тамом! Маҷрои ҳаёт чунин аст. Барои ҳамин шумо бо мо ҳамкорӣ кунед. Агар кадом мушкиле доред, имкон диҳед, ки онро ҳаллу фасл намоем.

Дар ин замина дафтари матбуоти Ҳизби сотсиал-демокорати “Адолат” бо пахши як баёния аз ниҳодҳои интизомӣ тақозо намудааст, ки ба ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев чораҳои қатъӣ пиёда кунанд.

“Ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” ҳарфҳои ҳақоратомез ва таҳдидҳои ҳокими шаҳр Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев дар ҳақи журналистонро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шудаанд, нақзи ҳуқуқи башар ва поймолкунии шаън, қадру қимат ва дахлнопазирии он мешуморад. Ин дар замоне ба вуқӯъ мепайвандад, ки дар кишварамон рағбатноккунии воситаҳои ахбори умум ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст ва чунин муносибати дағалона нисбати вакилони ин касб ҳизби моро сахт нигарон кардааст” гуфта мешавад дар ин баёния.

Ба ақидаи Ҳизби сотсиал-деморкати “Адолат” нописандӣ нисбати ВАО натиҷаҳои мусбат ба бор нахоҳад овард. Ҳамчунин ҳокими шаҳр мебоист аз нуқсонҳои баъзе роҳбарони худписанд хулосаи даркорӣ мебаровард. Зеро ҳарфҳои таҳдидомези ӯ натанҳо барои журналистон ва блогерҳо, балки барои ҳар шунаванда гарон аст. Ҳизб аз Агентии ахбору коммуникатсияҳои назди дастгоҳи президент ва Иттиҳодияи эҷодии журналистони ҷумҳурӣ чораҳои ҳимоякунандаи журналистону блогнависҳоро интизор хоҳад шуд.

Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон таҳдиди Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаевро нисбати халқ ва давлат беҳурматӣ унвон кардааст. “Агар сабти аудиоӣ ҳақиқат бошад, шарти муҳими ислоҳот-ба озодии баён ва фикр, ба журналистон ошкоро таҳдид кардан, “ба ман ҳамаи кор мумкин” гуфта фикр кардан пеш аз ҳама нисбати халқ ва давлат нописандӣ мебошад”.

Аммо се ҳизби дигари Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин маврид аз вокуниши мусбат ё манфӣ худдорӣ кардаанд.

Сухангӯи Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои назди дастгоҳи президенти Ӯзбекистон Ҳикматулло Убайдуллоев дар вокуниш ба ин ҳодиса гуфтааст, ки ин ҳарфҳои аудиоӣ ба ниҳодҳои марбута фиристода шуд ва онҳо ин наворро таҳқиқ мекунанд.

— Ҳамватанон ва журналистону блогнависҳо баъди паҳншавии ин сабти аудиоӣ ба мо муроҷиат кардаанд, ки вокуниш нишон диҳем. Маълуми шумо бод, ки аз вазъият огоҳ ҳастем ва дар ин маврид чораҷӯиҳо идома доранд. Бар асоси ҳамаи маълумоти гирдоваришуда ба Вазорати адлия ва Додситони кулли ҷумҳурӣ нома ироа мешавад ва тибқи хулосаи онҳо натиҷагирӣ хоҳем кард, -гуфтааст Ҳикматулло Убайдуллоев. — Бовар дорем, ки ниҳодҳои давлатии марбута ба манзури таъмини устувории қонун ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ин масъаларо дуруст арзёбӣ хоҳанд кард. Аз журналистон ва блогерҳо хоҳиш карда мешавад, ки то рӯшан шудани вазъият ба ҳиссиёт дода нашаванд ва саросемавор ягон хулоса набароранд.

Сухангӯи Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои назди дастгоҳи президент таъкид кардааст, ки новобаста аз он ки ин ҳарфҳо аз ҷониби кӣ гуфта шудааст, ҳарфҳои дар ҳақи намояндагони ҳокимияти чаҳорум — журналистон гуфташуда ҳарфҳои ногуворанд ва он бидуни вокуниш нахоҳад монд. Ҳикматулло Убайдуллоев афзудааст, ки ин ҳарфҳо ба сиёсати давлат ва қоидаҳои дар ҷомеаи кишвараш ҷоришуда комилан зид мебошанд.

— Барои ҳамин мо мавқеи мустаҳкамро ишғол кардаем-ҳамаи журналистон ва блогнависҳо дар ҳимояти Агентӣ қарор доранд. Агар нақзи ҳуқуқи шумо тасдиқи худро ёбад, ҳатман чораҷӯӣ хоҳад шуд, — иброз доштааст Ҳикматулло Убайдуллоев.

Тибқи хабарҳои расида дар аснои ин радду бадалҳо масъули дафтари матбуоти ҳокимияти шаҳри Тошканд Дилфуза Расулова дар саҳифаи фейсбукии худ ба ҳимояи ҳокими шаҳр бархостааст. Вай аз ҷумла чунин навиштааст: “Мо ба кадом замон омада расидем? Оё роҳ кушодан ба озодии баён, ВАО ва блогнависҳо  ба ҳамин ҳол бояд оварда расонад? Гапи зиёд — ба хар бор. Ҳокими шаҳр аз гапҳои зиёд дида бештар кор карданро афзал мешуморад. Ман инро ба ҳайси одаме менависам, ки мебинам: рӯзмарра он кас корҳои зиёд мекунанд, дар роҳи ба амал баровардани ин корҳо ранҷу машаққати зиёд мекашанд”.

Вай дар идома боз нигоштааст: “Кӣ худро беайб метарошад? Кӣ ё кадоме аз мо дар доираи наздикон ё ҷараёни кор ба ҳиссиёт дода намешавад ва ҳарфҳои берабт намегӯяд?”

Дилфуза Расулова шояд ба ин васила ошкор карданист, ки садои пахшшуда садои ҳокими шаҳри Тошканд аст. Вай журналистеро, ки ин наворро пахш кардааст, “номард” ва “аблаҳ”  номидааст. Баъд ба ҳокими шаҳр чунин ибрози ҳамдардӣ намудааст: “Ҷаҳонгир Обидович, ба шумо аз Парвардигор сабр мехоҳам. Бовар дорам, ки онҳо фикри сардори мамлакатамон нисбати шуморо бо ин тахрибкориҳои худ тағйир дода наметавонанд!!”

Аммо дар баёнияи расмии дафтари матбуоти ҳокимияти шаҳри Тошканд гуфта мешавад: “Ба мақсади  равшанӣ андохтан ба ин масъала бо ширкати мутасаддиёни ниҳодҳои марбута як гуруҳи корӣ таъсис ёфтааст ва аз натиҷаҳои он маълумоти иловагӣ дода хоҳад шуд”.

Дар баёнияи Додситонии кулли Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ омадааст, ки ин сабти навор мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дорад ва аз натиҷаҳои он дар чаҳорчӯби қонун ба таври иловагӣ маълумот дода мешавад.

Мирасрор Аҳроров

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here