Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки васеи намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир гашт, ки дар он мавзуъҳои мубрам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндагони ВАО бештар  ба раиси шаҳр  Саломзода Сиҷоуддин дар мавриди  сохтмони биноҳои баландошёнае, ки ниҳоят зич бунёд мешаванд, оғоз нашудани сохтмон дар заминҳое, ки солҳои пеш  гирифта шудаанд, харобии роҳҳои шаҳр, фарсудагии системаи обгузар, кашолкорӣ дар бунёди боғе, ки санги асоси онро Роҳбари давлат гузошта буд, сохтмони мағоза дар замини мактаб, тамбашавии нақлиёт, кашолкорӣ дар омодасозии ҳуҷҷатҳои манзили зист,  таъмири мактабҳо, навсозӣ нашудани пайкараи Бобоҷон Ғафуров, ки раиси шаҳр дар нишасти қаблиаш гуфта буд, суол пешниҳод кардаанд.

Раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ба аскари суоли журналистон чунин посух дод: “Дар нақша ҳаст. Дида истодаем ва дар оянда ислоҳ хоҳем кард”.  Раис ҳамчунин гуфт “Дар шаҳр мушкилот зиёд аст.  Мо кӯшиш мекунем онҳоро марҳила ба марҳила бартараф созем”. Ҳамчунин, аксар роҳбарони ташкилоту идораҳои масъул низ мисли раис чунин посух доданд.

Саломзода Сиҷоуддин ба масъулони ташкилоту идораҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод, ки баҳри ислоҳи ин камудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here