Дар маркази ноҳияи Панҷ ҳамагӣ ду чароғаки раҳнамо мавҷуд мебошад, ки наздики даҳ сол мешавад, фаъолият надоранд ва ин ҳолат боиси ташвиши ронангону пиёдагардон  шудааст.

Раиси ноҳияи мазкур Зарифхуҷа Шоҳиён дар нишасти хабарии зикр кард,  даҳ сол мешавад, ки чароғақҳои роҳнамо дар маркази ноҳияи Панҷ фаъолият надоранд.

— Як мо пеш вазири рушди иқтисод, ки намояндаи Ҳукумати кишвар бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлол дар ноҳия мебошад бо мо дар ин бора суҳбат кард. Вазир гуфт, ки мактуб ирсол кунем, барои бақарор кардани ҳамон ду чароғак мусоидат мекунад, — гуфт раиси ноҳия

Ба иттиллои раис барои як чароғаки раҳнамо дар чороҳа аз 100 то 120 ҳазор сомонӣ лозим аст ва худи вазири рушди иқтисод ваъда додаст, ки маблағро пайдо карда, чароғакҳоро дуруст мекунад.

Чунин ваъдаҳо дар нишасти собиқ раисони ноҳия  ва раиси ҳоираи ноҳияи Панҷ низ дода шуда буд. Умед дорем, ин навбат масъулон аз ваъда ба амал мегузаранду чароғакҳои роҳнаморо таъмир мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here