Мақсуд Нуруллоев раиси бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ интихоб шудааст. Интихоби ӯ дар ҳолест, ки моҳи апрели соли гузашта раиси собиқи бахши ҲДТ дар ноҳияи Панҷ Шариф Назаров, бинобар сабаби гирифторӣ бемории ҳамагири коронавирус, аз олам даргузашт.

Раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, Мақсуд Нуруллоев аз соли 2013 инҷониб узви ҳизб аст. Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки ҲДТ дар ноҳияи Панҷ 227 аъзо дорад. Усмонзода сабаби интихоби шудани Нуруллоевро ба раисии бахши ҳизб дар ин ноҳия ба “фаъолу дилсӯз” будани ӯ рабт дод.

Мақсуд Нуруллоев соли гузашта дар баробари раиси феълии ноҳияи Панҷ Шоҳиён З. дар интихобот ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии Панҷ-54, тариқи худпешбарӣ, номзад буд, аммо бахташ омад накард.

Нуруллоев Мақсуд Бекмуродович 26-уми июли соли 1977 дар деҳаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, дар оилаи ронанда ба дунё омада, солҳои 1983-1993 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳааш таҳсил кардааст. Ихтисосаш ронанда аст. Ӯ то чанд соли охир раисии кумитаи маҳаллаи деҳаи ба номи Ҳасан Шеровро ба уҳда дошт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here