Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода мегӯяд, ки ҳар ҳафта мӯза мепӯшад ва дар ҳар ҷамоати деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ мегардад. Номбурда шарҳ дод, ки ин амалаш ба хотири огоҳӣ аз вазъи истифодабарии замин, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин самт аст.

Хоҷазода имрӯз, 5-уми феврал, дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорон гуфт, ки моҳи декабри соли гузашта бо розигии Пешвои миллат, ҳамчун раиси кумита, шахси масъул дар ноҳияи Рӯдакӣ вобаста шудааст.

— Камбудӣ дар самти замин ҳаст, вале на он қадаре, ки пештар вуҷуд дошт. Пешвои миллат шахсан ба ман супориш дод, ки тамоми заминҳои ноҳияи Рӯдакиро таҳти назорат гирифта, камбудиҳо бо пуррагӣ бартараф созам. Ман аллакай бо тамоми раисони ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳо якмаротибагӣ вохӯрӣ гузаронидам ва  дигар намегузорем, ки замин таллаву тороҷ шавад. Ман тасмим гирифтам, ки ба поям мӯза мепӯшам, ҳар ҳафта дар як ҷамоат мегардам ва худам назорат мекунам. Коре кунем, ки бо натиҷаи хуб ноил гардем ва қонунвайронкунӣ аз байн бурда шавад, -г уфт раиси Кумитаи замин О. Хоҷазода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here