Раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Синои Душанбе Абдухалил Холиқзода идомаи ёддоштҳои худро аз рӯзҳои аввали хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон нашр кард. Дар ин қисми хотираҳои худ Холиқзода аз набудани рӯзноманигорони касбии соҳавӣ (манзур соҳаи тиб) ва таҳлукаи беҷои аҳолӣ суҳбат кард.

Ин қисми чоруми “Таърихчаи Кувид-19 дар Бемористони Ибни Сино” аст, ки манзури хонандагон мегардад:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Бӯҳрони вируси куруно баъзе камбудиҳои ҷомеаи моро бармало кард. Ба андешаи банда яке аз ин мушкилҳо набудани рӯзноманигорони ошно бо соҳаи тиб буд, ки дар расондани иттилоъи дуруст ба мардум мушкил пеш овард.

Рӯзҳои аввали ҳамагирии вируси куруно дар даромадгоҳи Бемористони Ибни Сино ман шоҳиди саҳнаи ҷолиб шудам. Одамон асосан ба бахши томографии компютерӣ муроҷиат мекарданд. Аксар мехостанд донанд, оё табе ки дишаб доштанд, нишонаи маризӣ бар асари вирус аст ё на. Ҳама афсурдаву асабӣ буданд. Бархе бар асари ахбори куруно афсурда, бархе ончунон асабӣ буданд, ки тасаввурнопазир! Афсурдагон дар курсиҳое ки кормандони бемористон дар берун гузошта буданд бо сари хам менишастанд ва «ҳукм»-и мутахассиси томографиро интизор буданд. Асабиён бо арбада бо кормандони даромадгоҳ, ки банда низ дар хидмат будам, даъво мекарданд. Тибқи муқаррароти ҷорӣ ба бемористон касоне ки аломати зуком доштанд, бе ташхиси томографӣ роҳ дода намешуданд, зеро дар бахши уржонс маризони маъмулӣ табобат мегирифтанд ва хатари сироят ба онҳо ҷой дошт. Ин қоида қаблан эълон шуда ва дар даромадгоҳ навишта шуда бошад ҳам, баъзе муштариён он қадр асабӣ буданд, ки аслан ба он таваҷҷӯҳ накарда даъво пеш меоварданд, ки мо бояд ҳамаро бе чуну чаро бипазирем. Ҳатто аз дашному таҳқир парҳез намекарданд, таҳдид ҳам мекарданд. Ман аз кормандон хоҳиш мекардам, ки худдорӣ кунанд, зеро медонистам, ки одамонро дар тӯли як моҳи гузашта васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ваҳму ваҳшат гирифтор карда буданд. Аслан ин ваҳму ваҳшатпароканӣ, ки чанд моҳ боз аз тариқи шабакаҳои телевизиони кишварҳои дунё пахш мешуд, аз бедоди вирус ҳикоят мекард. Дар наворҳои шабакаҳои телевизион аз Итолиёву Русия одамон корвонҳои тобут ва мошинҳои ёрии таъҷилиро дида мутмаин мешуданд, ки вабои муҳлике дар роҳ аст.

Ман дар сафҳаи фейсбукиям рӯзи 27 март ёддоште навишта аз мардум даъват кардам, ки ба ҳистерӣ дода нашуда, аз сироят пешгирӣ ихтиёр кунанд. Он ёддошти кӯтоҳе буд, ки ин ҷо меорам:

«Илоҷи кор чист?

Ба умеди саломатии мардуми шарифи Тоҷикистон!

Имрӯз як ҳистерии саросарӣ фазои маҷозии кишварро фаро гирифтааст ва ҳама як суол доранд: вирус ба Тоҷикистон омадааст ё на? Намедонам агар омадани вирусро фаҳманд, ғайр аз зиёд кардани ваҳму ҳистерӣ чи коре аз дасташон сохта хоҳад буд?! Маълум аст ки ваҳму ҳистерӣ дар ҷомеа беназмиро ба бор меоварад ва дигар ҳеч!

Аз ин сабаб ҳама бояд бо як маром барои роҳ надодан ба воҳима ва ҳарчи камтар кардани шароит барои паҳншавии вирус дар ҳоли вурудаш кӯшиш кунанд.

Шарти аввал ин аст, ки аз ин пас ба ҳар касе ҳамчун сарчашмаи вирус бояд муносибат кард ва фосила нигаҳ дошт. Мутахассисон пӯшидани моск дар ҷойҳои ҷамъиятиро як шарти паҳн нагаштани вирус медонанд. Худдорӣ кардан аз дастфишорӣ, оғӯш ва бӯсобӯсӣ набояд касеро нороҳат кунад, балки бояд шарти беҳдошти иҷтимоӣ дониста шавад.

Шарти дувум ин аст, ки ҳар сатҳеро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ олуда бояд донист. Маконҳои ҷамъиятӣ аз қабили нақлиёт, муассисаҳо, фурӯшгоҳҳо ва ғайраро бояд олуда ҳисобид ва пас аз рафтан ба он маконҳо ҳатман дасти худро бо собун шуст. Дасти ношустаро ба рӯй ва чашмон набояд расонд. Бо ин роҳ аҳли хонадони худро аз вирус метавон эмин нигоҳ дошт.

Шарти севум ин аст, ки ба ваҳму ҳистерӣ набояд дода шуд. Ҳар нафар бояд дар паҳн нашудани вируси ҳистерӣ, ки камтар аз вируси короно хатарнок нест саҳим бошад. Ҳатто ҳоло ки вуҷуди вирус дар кишвари мо сабт нашудааст, ин қоидаҳо бояд сармашқи кори ҳар нафар гардад.

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ аст!»

Ростӣ дар тӯли моҳи апрел ман бештар ба омода кардани бемористон ва кормандон барои муқобила бо коронавирус банд будам. Интизор надоштам, ки дар ин муддат ҷомеа ин қадр ангехта шавад. Баъзе рӯзноманигорони ҳангомасоз ва шӯҳратталаб бо истифода аз фурсат мардумро ба зомби табдил дода буданд. Дар асари навиштаҳои бемояи онҳо одамон фикр мекарданд, ки ин вирус охири кор аст. Ба ҳар кас ки сироят кард, ҳатман хоҳад кушт!

Яке ҷиғ мезад, «чаро мо ҳамагӣ 500 дастгоҳи танаффуси сунъӣ дорем, чаро 5000 на?!» Дар ҳоле ки аслан намедонист ин чи дастгоҳест! Намедонист ки мо панҷсадто ҳам надорем! Намедонист, ки аллакай тавсия мешавад, ки беморон ба он ҳадди вазнинӣ расонда нашаванд, ки ба ин дастгоҳ ниёз пайдо кунанд.

Омори он замон бозгӯи он буд, ки зиёда аз навад дарсади маризони Кувид-19, ки ба ДТС васл мешаванд, зинда намебароянд.

Вале шояд барои ин зумра хабарсозӣ ва грантазхудкунӣ аз субботи ҷомеа муҳимтар буд! Онҳо дигар ҳам сироятшинос, ҳам мутахассиси ҳамагирӣ ва ҳатто донандаи бахши эҳё шуда буданд. Ба ҷои он ки бо маром одамонро ба пешгирӣ аз сирояти вирус роҳнамоӣ кунанд, дар додани ахбори ваҳмангез мусобиқа мекарданд.

Вақте ман шоҳиди ин тарсу ваҳшати мардум гаштам, рӯзи сеюми май ёддошти кӯтоҳи дигаре дар сафҳаи фейсбукӣ навиштам ва аз рӯзноманигору блогерон хоҳиш кардам, ки ҷомеаро ором намоянд. Ва боз ҳам ҳар дареро ки дастам мерасид, кӯфтам. Дар натиҷа баромади банда аз шабакаҳои телевизион пахш шуд…

Албатта хомӯшии масъулин ва камбуди иттилоъи расмӣ вазъро хеле буғранҷ мекард. Вале бар асари мубориза бо масъулин барои таъйиди вуруди вирус ба кишвар баъзе рӯзноманигорон масъулияти худро фаромӯш ва мардумро ба тарсу ваҳшат даргир карданд. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки касоне ки бар асари ваҳму ваҳшат фавтиданд, зиёданд. Бояд донист, ки қалам низ мисли вирус сабаби марги одамон шуда метавонад!

Ғайр аз ин, равонпарешие (психоз) ки ин тавтеа дар ҷомеа бино кард, сабаби ба шиддат боло рафтани омори ҷиноӣ шуд ва ҳолоҳо ҷиноят ба бор хоҳад овард.

Ба андешаи ман агар мо рӯзноманигорони соҳавӣ медоштем ва онҳо бо дарки мавзӯъ ва масъулият рафтор мекарданд, мо дар он марҳала як ҳолати шабеҳ ба имрӯзро медоштем. Маълум аст, ки имрӯз ҳам вирус ҷое гум нашудааст, танҳо мардум аз роҳҳои пешгирӣ ва паёмадҳои ин вабо воқиф шуданд, пешгирӣ мекунанд, ва дар ҳоли мубтало шудан, бе ваҳму ваҳшат ба табобат мепардозанд.

Муттаассифона дар марҳалаҳои баъдӣ ҳам бархе аз рӯзноманигорон бесалоҳиятии худро батамом ба намоиш гузоштанд. Яке менавишт, ки доруи зидди вирус кашф шудааст ва он лимӯву филфилу ҳазориспанд аст. Дигари тавсияи шибҳидухтуреро бофта мебаровард, ки сурх пӯшидану сурх хӯрдану сурх нӯшидан таваҷҷӯҳи вирусро ҷалб мекунад, ки бӯи қавонини зиндонҳои низоми шӯравиро дошт.

Тоҷи ин ҳама шибҳинигории рӯзноманигорӣ таблиғи пизишки кундзеҳн (ё байторе) буд, ки исрор мекард, маҳлули антибиотикҳои буз доруи муассир зидди куруност! Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорон нафар дар зери ин матлаб шарҳ навишта, он маҳлулро суроғ мекарданд. Мутмаинан нафарони зиёде онро дастрас ва истифода карданд. Ба таъйиди коршиносон истифодаи доруи мазкур метавонад оризаҳои вазнин биёрад, ки намедонам ҷавобгарияш ба дӯши ки хоҳад буд?!

Қабл аз таъйиди вуруди вирус аз сӯи масъулин, шарҳи коршиносони русро хонда будам, ки мегуфтанд, тоҷик ақле надорад, ки ин вирусро ташхис дода тавонад. Таблиғи истифодаи маҳлули буз ба одам, ки ба забони русӣ ҳам чоп шуд, туфе буд аз сӯи ин рӯзноманигорон дар арсаи шӯравии собиқ ба қиёфаи миллат ва кормандони тибби кишвар! Ман шоҳидам, ки пизишкони кулли бемористонҳо ва мутахассисони вазорати беҳдошт комилан мухолифи истифодаи ин маҳлул дар бадани инсон буданд…

Хулоса, бӯҳрони вируси куруно як воқеиятро бори дигар бармало кард, ки дар кишвар ҷои рӯзноманигорони соҳавӣ холист ва мутаассифона ин хало барои мо беҳад гарон тамом шуд».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here