Баробари наздик шудан ба коргоҳи консервабарории ташкилоти ҷамъиятии “Раҳнамо”, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, садои хандаи занон ба гӯшам расид. Аз дидани чеҳраҳои болидаву қаноатманди онҳо хушҳол шудам. Дар ин коргоҳ аз 10 то 12 зане, ки ниёзманд ва дорои кӯдакони маъюб ҳастанд, тӯли ду сол аст кору фаъолият доранд.

Нигора Норбоева, яке аз кормандони ин коргоҳ акси тифли маъюбашро бароям нишон медиҳаду аз маъюбии фарзандаш ва рӯзҳои мушкили зиндагиаш қисса мекунад. Аммо дар бораи бартараф шудани мушкилоти молиявиаш бо қаноатмандӣ суҳбат мекунад.

— Пеш хонанишин будам ва барои шавҳарам таъмини чор нафар, аз ҷумла фарзанди маъюб бисёр мушкил буд. Аммо тӯли ду сол аст ман аз ин коргоҳ музди кор ба даст меорам ва ҳамчунин аз меваю сабзавоти ҳавлиамон консерва таёр карда, зимистон ба муштариёнамон мефурӯшам. Ҳоло мебинам, ки вазнинии зиндагӣ аз шонаҳои шавҳарам кам шудаасту дастурхонамон пур аз нозу неъмат аст.

Ноҳияи Шаҳритус дорои меваву сабзавоти фаровони хушмаза аст, вале бинобар набудани имконот ва надонистани технологияи консерватаёркунӣ бештарини меваю сабзавот мепӯсиданд. Бо пешниҳоди раиси ташкилоти ҷамъиятии “Роҳнамо” Зайнура Эшматова, Лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон» (LITACA) ба ин коргоҳ таҷҳизоти мавриди ниёз, ба маблағи 10 000 доллари ИМА фароҳам карда, дар беҳтар гардондани некуаҳолии ноҳия саҳми назаррасе мегузорад.

Ба гуфтаи Зайнура Эшматова, маҳсулоти аввалияро онҳо аз деҳқонони маҳаллӣ мехаранд, сипас аз он консерва омода карда, захира мекунанд. Муштариёнашон сокинони ноҳияи худашонанд. Дар як мавсим то 2000 бонка консерва аз мевавю сабзавот омода мекунанд. Занон дар ин коргоҳ бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ ва технологияи муоссир кор мекунанд.

Мутобиқи талаботи технологияи муосири консервакунонӣ ҳангоми омода кардани он рутубати ҳаво дар бино бояд муътадил буда мубодилаи ҳаво таъмин шавад. Ҳамчунин шустушуи тозаи меваву сабзавот ва нигоҳдории хуб то замони консервакунонӣ имкон медиҳад, то маҳсулот намуди зоҳирӣ ва таъми хушмаззаи худро гум накунад. Ба гуфтаи Зайнура онҳо дар соли гузашта то 100 бонка мураббои каду ва сабзӣ омода кардаанд, ки дар кутоҳтарин муддат ба фуруш рафтаанд.

Бино бар дархости сокинон, дар доираи Лоиҳаи LITACA-2, ки бо маблағгузории ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (JICA) аз ҷониби Барномаи рушди СММ амалӣ мешавад, мутахасисони ботаҷрибаро аз шаҳри Хуҷанд даъват карда, барои 30 зани ноҳия роҳҳои иноватсионии консервакуниро ёд доданд. Ҳамчунин барои хоҳишмандон имкон медиҳанд, то онҳо омада дар ин коргоҳ меваю сабзавоти худро консерва таҳия кунанд.

Ҳамчунин дар назди ин коргоҳ бахши яхсозии бусуръати меваю сабзавот сохта шуд. Бо кумаки Лоиҳа 2 адад яхдони яхсозии босуръат фароҳам шуд, ки дар ак навбат дар зарфи 40 даҷиҷа то 70 кг. маҳсулотро ях мекунонад. Гуфтанист, ин гуна яхдонҳо дар ноҳияи Шаҳритус ягона мебошанд.

Суръати бошиддати яхзани ба маҳсулот имкон медиҳад то он дар кутоҳтарин муддат ях баста намуди зоҳҳирӣ ва витаминҳояашро нигоҳ дорад. Ин технология хеле пеш ихтироъ шуда буд, аммо дар саноати хурокворӣ чанд соли охир ворид карда шуд. Тиҷорати маводи ғизоӣ бо ворид гаштани чунин яхдонҳо хеле муваффақ шуд. Ҳоло тамоми кишварҳо ва умуман тиҷоратҳои бузург аз ин таҷҳизот фаровон истифода мебаранд.

Ҳадафи марҳилаи дувуми LITACA дастарсии бештари мардум ба зерсохтҳои беҳтару хидматрасониҳои иқтисодӣ ва рушди имконоти фарогирӣ ба кор дар минтақаҳои наздимарзӣ мебошад. Тибқи нақша фаъолиятҳои лоиҳа ҳадди аққал бояд сатҳ ва шароити зиндагии 130,072 нафарро беҳтар намояд.

Шаҳноз Комилзода,

Душанбе — Шаҳритус

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here