Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода сару садоҳоро мавриди пахши ошӯби маҳбусон дар зиндони шаҳри Ваҳдат аз ҷониби ОМОН-и ВКД рад кард.

Номбурда имрӯз, 23-юми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт,  ОМОН-и вазорати корҳои дохилӣ вазифадор карда шуд, ки дар ҳудуди зиндони шаҳри Ваҳдат, маъруф ба «Кирпичний» аз берун тартиботро назорат кунад то дар сурати фирори маҳбусон онҳо дастгир карда шаванд.

Раҳимзода гуфт, худи сохторҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ амалиёти пахши ошӯбро анҷом доданд, вале тафтишот оид ба ин ҳолат якҷоя анҷом шудааст.
Вазир ҳамчунин, ҳолати аз Маскав дуздидану ба Тоҷикистон овардани Шарофиддин Гадоев ва мавриди шиканҷа қарор додани ӯро низ рад кард. Раҳимзода гуфт, «рафту омад ба хориҷа озод аст ва ҳар кас ин амалро иҷро карда метавонад».

Бояд гуфт, нишастҳои матбуотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо иштироки Раҳимзода дар таърихи нишастҳои матбуотии кишвар беназиранд, зеро нишастҳо ошкоро, бемамониат ва бе маҳдудияти вақт сурат мегиранд. Бартарияти нишасти имрӯзаи ВКД дар он буд, ки вазир тариқи мониторҳои дар толор насбгардида, бо рӯзноманигорони вилояти кишвар ва роҳбарияти мақомотҳо рӯ ба рӯ суҳбат доир намуда, ба суолҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.

Добавить комментарий