Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори кишварамон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи  «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» дар 9 моҳи соли 2018»  баргузор гардид.

 Аз рӯи масъалаи мазкур, дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ,  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода баромад карданд.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки: «Барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ ва тақсимоту   истифодаи мақсадноки онҳо зарурати тақвият бахшидани корҳо дар самти таҳияву татбиқи буҷет дар асоси барномаҳои тарҳрезишуда пеш меояд. Дар ин раванд, бояд ба усулҳои муосири арзёбии стратегияву барномаҳои қабулгардидаи рушд эътибори ҷиддӣ дода, маблағгузории барномавӣ минбаъд аз рӯи натиҷа ва  самаранокии он татбиқ карда шавад».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағгузории соҳаҳо дар асоси барномаҳои қабулшуда гузашта истодааст ва ҳадафи асосии сиёсати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани афзалиятҳои муҳими стратегияи рушди миллӣ, таъмини рушди босуботи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, суръат бахшидан ба ислоҳот дар бахшҳои идоракунии самараноки молияи давлатӣ, таъмини устувории бозори молиявӣ барои нигоҳ доштани сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳо, инчунин дар сатҳи муайян амалӣ гардонидани Стратегияи идоракунии қарзҳои давлатӣ мебошад.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин ҳамчунин вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин,  муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед,  муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Назокат ва муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифзода Абдукарим бо ахбороти муфассал баромад намуданд.

Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули соҳаҳои гуногуни вазоратҳои кишварамон саволу ҷавоб ва музокираҳои судманд баргузор гардид.

Сипас, аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзнома тавсияҳои муҳокимаи парлумонӣ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here