Дар давоми моҳи гузашта 30 адад суръатсанҷ, ба истилоҳ радари кормандони БДА-и вилояти Хатлон, аз ҷониби мутахассисони ин ниҳод мавриди таҳлил қарор гирифта, муайян гардид, ки 2 адади он суръати ҳаракати мошинҳоро дақиқ нишон намедиҳад.

Барои дақиқ нишон надодан ба ин радарҳои кормандони БДА-и вилоят амрномаи манъ дода шудааст. Дар ин бора, директори Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон Ҷумъахон Сайдализода иттилоъ дод.

Сардори шуъбаи назорати давлатии воситаҳои ченаки Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон Исмоилзода Абдуғғафор дар нишасти хабарии соли гузашта гуфта буд, ки соли 2017 дар вилояти Хатлон зиёда аз 55 суръатсанҷ аз санҷиши сифат гузаронида шуд ва ба 29 суръатсанҷ бо сабаби иллат доштан тибқи талабот ба масъулини шуъбаи БДА-и вилоят барои истифода накардан аз ин суръатсаҷҳо амрномаи манъ дода шуд. Гуфта мешавад, аз санҷиш гузаронидани суръатсанҷ дар вилоят соле як маротиба гузаронида мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here