Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин дар посух ба таҳдиди Трамп, ки аз рӯйи замин ин кишварро нест кардан мехоҳад, гуфт, ки президенти Америка девона аст ва  барои ин гапаш ҷавоб хоҳад дод.

Доналд Трамп дар маҷмаи умумии Созмони милал таҳдид карда буд, ки дар сурати идома пайдо кардани барномаи атомии Кореяи Шимолӣ, ин кишварро ба куллӣ нобуд хоҳад кард. Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ эълон кардааст, ки раҳбари Корея дар посух ба ин таҳдид гуфтааст, ки Трамп як «пири ҳафтафаҳму камақл» аст ва бо оташ ром хоҳад шуд.

Дар баёнияи Ким Чен Ин омадааст: «Рафтори девонавори президенти Америка, ки дар Созмони милал ошкоро тамоюли зиддиахлоқии худ барои нобудии комили як кишвари дорои ҳокимиятро нишон медиҳад, аз ҳадду марзи таҳдид ба тағйири режем ва ё тағйири низоми иҷтимоии як кишвар фаротар меравад».

Раҳбари Кореяи Шимолӣ дар идома гуфтааст, ки «Трамп шахси муносибе барои дар даст доштани болотарин ихтиёри иҷроӣ дар як кишвар нест; Ӯ як гангстер ва ошиқи бозӣ бо оташ аст». 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here