Шоми 30 ноябр дар суди ноҳияи Есили шаҳри Остона баррасии шикояти волидони хонандагон аз вилоятҳои Оқтеппа ва Қазоқистони Ғарбӣ идома кард. Волидон аз манъи бастани рӯймол дар мактабҳо ба суд шикоят бурдаанд.

Хабарнигори бахши қазоқии радиои Озодиро, ки ягона намояндаи расонаҳо буд, полис дар лифт ба муҳосира гирифтааст ва нагузоштааст, дар баҳси судӣ ширкат кунад. Яке аз кормандони полис бо ҷусааш дари лифтро банд кардааст, то хабарнигор натавонад ба ошёнаи чорум барояд. Полис пештар аз ин гуфта буд, дар ҷузвдони хабарнигор корд ҷой дошт, аз ин хотир нагузоштанд ӯ дар суд ширкат кунад. Баъдтар полис гуфтааст, бояд ҳузури хабарнигор бо судя мувофиқа карда шавад.

Намояндаи ҷониби даъвогарон аз Мирҷон Габдуллин гуфтааст, онҳо талаб доранд, фармони вазири маориф ва илми Қазоқистон, ки вуруди хонандаҳоро бо либосҳои мазҳабӣ ба мактаб манъ мекунад, ғайриқонунӣ дониста шавад.

“Аз Урал 35 нафар ва аз Оқтеппа 29 кас зидди фармони вазир шикоят бурдаанд. Бар асоси фармони вазири маорифи Қазоқистон, ҳоло хонандаҳо ба дарс роҳ дода намешаванд. Бино ба маълумоти ахир, 78 духтар дар ҳоли ҳозир ба мактаб намераванд. Дар Урал 46 мактаб аст ва ҳамаи мудирони онҳо аз фармони вазир ҷонибдорӣ мекунанд”, — гуфтааст Габдуллин.

Бархе аз иштирокдорони мурофиа гуфтанд, ҳангоми вуруд ба суд посбонон на танҳо ному насаб, балки ҳуҷҷатҳои онҳоро низ акс гирифтаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here