Аз 23 то 27-уми октябр, рӯзноманигорон дар доираи лоиҳаи «Дастгирии идоракунии молиявии давлатӣ» кор бо буҷаи соҳаи тандурустиро хоҳанд омӯхт. Семинари омӯзиширо ТҶ «Хома» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» —  бунёди мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналхалқии Британияи Кабир амалӣ менамояд.

Барномаи семинари омӯзишӣ «Дата журналистика: Кор бо буҷаи соҳаи тандурустӣ» буда, дар ин омӯзиш коршиносон аз Вазорати тандурустӣ, Вазорати молия ва коршиносони мустақил нозукиҳои буҷаи соҳаро тавзеҳ хоҳанд дод.

Масъулини семинари омӯзишӣ мегӯянд, намояндагони вазоратҳои тандурусӣ ва молия, ки бевосита масъули тақсим ва таҳлили буҷаи соҳаи тандурустӣ мебошанд, бо рӯзноманигорон тӯли 5 рӯз суолу ҷавоб дар доираи барномаро хоҳанд кард.

Ба ҳайси мураббӣ коршинос аз давлати Арманистон Армен Саргасян даъват шуда, аз таҷрибаи ин давлат дар соҳаи тандурустӣ хоҳад гуфт.

Семинари мазкур идомаи семинарҳои дигар вобаста ба буҷаи мамлакат мебошад, ки аз ҷониби ТҶ «Хома» барои рӯзноманигорони ҳама манотиқи мамлакат гузаронида шудааст.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here