22-юми сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин хусус қарори дахлдори раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба тавсиб расид, хабар медиҳад роҳбари дафтари матбуоти раиси шаҳр Маъмур Юсуфов.

Тибқи қарори мазкур шуъбаҳои ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳҳии дастгоҳи раиси шаҳр вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати тарғиби мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии ниёгон, ғояҳои инсондӯстии назми устод Абӯабуллоҳ Рӯдакӣ дар муассисаҳои таълимию корхонаҳо соатҳои тарбиявӣ, мулоқоту вохӯриҳои адибон, ходимони илму фарҳанг ва базми шеъру суруд баргузор кунанд.

Чорабинии илмию фарҳангӣ 22–юми сентябр дар назди пайкараи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, баргузор хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here