Имрӯз дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шаҳри Душанбе «Рӯзи ҳамдилӣ бо мардуми Кашмир» баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро дар оғози ҳамоиш иброз дошт, ки “ҳодисаҳои ба амаломадаи охир дар Кашмир шаҳодат аз он медиҳад, ки зулму истибдод дар сарзамин кам нагардида, балки бештар гардидааст. ”

— Мо дар ҳама ҷода бо мардуми бародари Кашмир ҳамдил ҳастем ва бетараф нахоҳем буд. Маҳз дарди мардуми Кашмир, ашки дидагони модарони кашмирӣ, чашмони чори ятимон ва азоби ҷонкоҳи ҷавонони асиргаштаи ин сарзамин моро имрӯз водор намуд, ки боз бо шумо-аҳли илму адаб ва зиёиён мулоқот дошта бошем ва ба ҷаҳониён расонем, ки мардуми сарбаланд ва озодихоҳи Кашмир дар ҷодаи ба даст овардани озодӣ, аз ҳуқуқҳои худ бояд баҳравар бошанд. Бисёр мехоҳам, ки давлатҳои аъзои СММ, Созмони конфронси исломӣ, ИМА ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун миёнрав барои ҳалли мусолиатомези қазияи Кашмир миёни Покистону Ҳиндустон мусоидат намоянд, — гуфт сафир.

Дар идомаи суханронии худ сафири Покистон иброз дошт, ки “Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум ҳаст, қазияи тақсимоти нимҷазира байни Покистон ва Ҳиндустон аз соли 1947 инҷониб масъалаи баҳсталаб боқӣ мемонад.   

— Ҳукумати Покистон ва мардуми Покистон ин санаро ҳамчун Рӯзи сиёҳи Кашмир дар сатҳи ҷаҳонӣ бо мақсади изҳор намудани ҳамдилӣ ба мардуми Кашмир ва дастгирӣ намудани онҳо барои ҳимояи ҳуқуқҳои инсонӣ ва сазовор буданашон ба зиндагии осоишта таҷлил менамоянд.

Ман бори дигар зикр мекунам, ки мо хоҳони сулҳу субот дар ин минтақа ҳастем ва то лаҳзаи охирин ҳимоя аз ҳуқуқҳои помолгаштаи мардуми Кашмир менамоем ва дар роҳи мубориза ба зиндагии осоишта ва саодати рӯзгори мардуми Кашмир бо онҳо ҳастем ва хоҳем монд».

Ёдовар мешавем, ки то соли 1947 Покистону Ҳиндустон ба ҳудуди як давлат дохил шуда, мустамликаи Британияи Кабир ба ҳисоб мерафтанд. Баъди аз мустамликаи Британия озод шудани Покистон дар санаи 14-уми август ва Ҳиндустон дар санаи 15-уми августи соли 1947 мушкилоти баҳси марзии Кашмирро аз мустамликадорони собиқашон мерос гирифтанд. То ба имрӯз оиди қазияи Кашмир се даргирии калони ҳарбӣ ва чандин хурд миёни неруҳои ҳарбии Покистону Ҳиндустон ба миён омадааст, ки аз ҳарду ҷониб ҳазорҳо афсару аскар ба ҳалокат расидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here