Рисолаи илмии нависандаи афғон Файзуллоҳ Ҷалол дар шакли китоб таҳти номи “Қудрати сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Афғонистон” аз чоп баромад. 

Гуфта мешавад, ки дар китоби мазкур таваҷҷуҳи асосиро муаллиф ба масъалаҳои назариявию методологӣ ва амалию сиёсӣ равона намудааст. Ӯ кӯшидааст, ки раванди ташаккули қудрати сиёсӣ, принсипҳои асосии таснифот, навъҳо ва шаклҳои онро ба таври амиқ ва аниқ муқаррар намуда, ба қудрати сиёсӣ ҳамчун омили асосии таъмини ваҳдати миллӣ дар шароити Афғонистони муосир таҳлил ва таркиби махсусеро пешниҳод намояд. Манбаъҳои асосии ташаккули қудрати сиёсӣ ва ҳукуматро тавсиф намуда, ҷойгоҳи ниҳодҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои сиёсии ғайриҳукуматӣ, пеш аз ҳама, ҳизбҳои сиёсиро дар ташаккул ва рушди қудрати сиёсӣ ҳамчун омили ваҳдатофарин ва ё монеаи инкишофи ваҳдатсозӣ собит созад.

Рисола барои сиёсатшиносону маъмурон, менеҷерҳои сиёсӣ, донишҷӯён ва мутахассисони соҳаҳои мухталифи донишҳои гуманитарӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд зикр намуд, ки ғайр аз ин, китобиҳое ба монанди “Нақши Иттиҳоди Аврупо дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ”, “Нигоҳе бар зиндагӣ ва усули фикрии Абунасри Форобӣ”, “Зиндагӣ, афкор ва андешаҳои Саидҷамолиддини Афғонӣ, “Амнияти Афғонистон ва асороти минтақавии баъд аз хуруҷи неруҳо дар соли 2014” ва ғайраҳо ба қалами Файзуллоҳ Ҷалол рабт дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here