Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ мегӯяд, тӯли 12 соли фаъолияти Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар кишвар зиёда аз 21 миллиард сомонӣ ба нафъи мардум сарфа гардидааст.

Раиси Кумитаи мазкур Сулаймон Давлатзода, дирӯз, 6-уми феврал, дар нишасти хабарӣ аз хароҷоти зиёди солҳои қаблӣ дар маъракаҳои азодории се, ҳафт, чилу сол, илова бар ин, ҷумъагию панҷшанбегӣ ва дар баъзе минтақаҳо, ҳатто душанбегӣ изҳори нигаронӣ кард.

— Бинед, барои як маросими азодорӣ 52 маъракаи ҷумъагӣ вуҷуд дошт, ки ҳадди ақал ҳудуди сад доллар масраф мегардид. Мутаассифона, мо хайрро танҳо дар дастархон оростану хӯрок додан мебинем. Дар кишварҳои дигар бошад, фондҳое ҳастанд, ки донишҷӯёнро дастгирӣ мекунанд, бемористонҳоро сарпарастӣ, мактабҳоро таъмир мекунанд. Дастгирии қишри камбизоат вуҷуд дорад. Роҳҳои хайр зиёд аст, касе онҳоро набастааст. Оё дар Тоҷикистон чунин як фонде машҳур шудааст, ки кораш масалан, дастгирии донишҷӯён, олимон ва ё дигар қишри ҷомеа бошад?. Дар кишварҳои дигар ин амал роиҷ аст. Дар мо баръакс, фикри ҳама дар дастархонороию гузаронидани маъракаи беҳтару хубтар аз ҳамсоя буд. Хушбахтона, саҳми Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» хеле назаррас аст, — гуфт Давлатзода.

Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Тоҷиддин Асомуддинзода низ қаноатмандияшро аз ба низом даромадани маъракаҳо баъд аз қабули Қонун изҳор дошт.

— Ҳамчунин, пас аз ворид гардидани тағйиру иловаҳои назаррас ба «Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» дар соли 2017, ки тибқи он тӯйи хатнаи фарзандон дар доираи оила ва маъракаҳои азодорӣ бетаом сурат мегиранд, аз ҳисоби камхарҷ гузаронидани ин маъракаҳо зиёда аз 193 миллион сомонӣ ба фоидаи мардум пасандоз гардидааст. Ман ҳамчун мутахассис ба ҳамин ақида ҳастам, ки дар баробари ҳамаи барномаҳое, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар дар самти некуаҳволии аҳолӣ пиёда мегарданд, қонуни мазкур низ дар пешравию рушди ҷомеа саҳми бориз дорад, — гуфт Асомуддинзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here