Дар даври финалии Ҷоми футболи миллатҳои Осиё-2019 дастаи мунтахаби Қатар нишондодҳои фавқулода шигифтанегз нишон дода, бо сарбаландӣ ғолиби ин мусобиқа гардид.
Дастаи мунтахаби Қатар бо роҳбарии мутахассиси испанӣ Феликс Санчес Бас дар финали Чемпионати Осиё-2019 дастаи пурқудрати Ҷопонро ба осонӣ торумор кард ва барои бори аввал ғолиби ин мусобиқаи пурнуфзи қораи Осиё шуд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Зайд Спортс Сити Стедиум»-и шаҳри Абу Дабӣ бо ҳузури 36 776 мухлис барпо гардид ва бо натиҷаи 3:1 бар нафъи Қатар ба охир расид. Голҳои Қатарро Алмаиз Алӣ, Абдулазиз Ҳотам ва Акрам Афиф заданд. Як голи ҷопониҳоро Такумӣ Минамино зад, ки ин ягона голи сардодаи дарвозабони қатарӣ дар ин мусобиқа мебошад.
Дастаи мунтахаби Қатар ягона дастаест, ки дар бозиҳои Чемпионати 17-уми Осиё-2019 ҳамаи бозиҳояшро бо ғалаба анҷом дод: Лубнон-2:0, Кореяи Шимолӣ- 6:0, Арабистони Саудӣ -2:0-дар бозиҳои гурӯҳи “Е”, Ироқ -1:0,1/8-ниҳоӣ, Кореяи Ҷанубӣ-1:0, ¼-ниҳоӣ ва АМА-4:0, ½-ниҳоӣ ва Япония 3:1 дар финал.
Ба ҳамин тартиб Чемпионати 17-уми Осиё дар Аморати Араб бо пирӯзии дастаи мунтахаби Қатар, ки дар таърихи Ҷоми миллатҳои Осиё бори аввал аст, ба анҷом расид. Давлати Қатар, ки мизбони бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2022 мебошад, омодагии худро ба ин мусобиқоти бонуфуз бо ба даст овардани Ҷоми Осиё тасдиқ кард.