Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин имрӯз ба пойгоҳи низомии кишвараш дар Хмеймими Сурия сафар кард. Вай дар ин ҷо арз кард, ки артиши Русия шурӯъ ба баргашти худ ба маҳалли доимии будубоши худ мекунад.

Путин арз кард, ки Қувваҳои мусаллаҳи Русия ва артиши Сурия дар зиёда аз 2 сол яке аз гурӯҳҳои ҷангии террористони байналхалқиро нобуд карданд. «Ба ин муносибат аз ҷониби ман тасмим шуд, ки қисми асосии нерӯҳои низомии Русия, ки дар Сурия қарор доштанд, ба хона, ба Русия, бармегарданд», — гуфт Путин.

Путинро дар пойгоҳи ҳавоии Хмеймим президенти Сурия Башшор Асад, вазири мудофиаи ФР Сергей Шойгу ва фармондеҳи нерӯҳои низомии рус дар Сурия Сергей Суровикин пешвоз гирифтанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here