Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар паёми имсолаи худ ба ҷомеаи кишвараш амалкарди яксолаи Русияро дар арсаи байналмилал, зарби шасти низомӣ ба Амрико ба унвони қавитарин артиши ҷаҳон хонд.
Путин бо баёни ин, ки Русия аслиҳаи замонавии беназире дар ҷаҳон дорад, гуфт, ба Амрико борҳо эълом шуд, ки системаи зиддимушакии ин кишвар, амнияти Русияро таҳдид мекунад, аммо Вашингтон ба иқдомоти якҷониба рӯй овард.
Путин таъкид кард, ҳеҷ кас набояд таҳдидоти ҳастаиро барои ҷаҳон камаҳамият ҷилва диҳад, балки бояд паси мизи музокира нишаст, то бо ҳамфикрии якдигар ба амнияти байналмилалӣ андешид.
Путин гуфт: «Русия ҳаргуна ҳамлаи ҳастаӣ дар ҳар сатҳеро алайҳи Русия ва муттаҳидони кишвар, чӣ бо истифода аз системаҳои кӯтоҳбурд ва чӣ миёнбурд ва ҳар гуна ҳамларо ҳуҷуми ҳастаӣ алайҳи Русия қабул мекунад ва фавран посухи мутақобил хоҳад дод, бидуни таваҷҷуҳ ба ин ки оқибати он чӣ хоҳад буд». Ин гуфтаи ӯро ҳозирин бо кафкӯбӣ ташвиқ карданд.
Президенти Русия бо ишора ба ҳамкории наздик бо бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ибрози умедворӣ кард, Ғарб, махсусан Амрико, оқилона рафтор кунанд ва ба фикри робитаҳои дӯстона ва мунсифона бошанд. Вай афзуд: «Ҳеҷ кас набояд тардиде дар ин робита дошта бошад ва таҳдидоти ҳастаӣ барои ҷаҳонро камаҳамият ҷилва диҳад… Дар иваз шумо бояд паси мизи музокира биёед, то бо ҳамфикрӣ бо якдигар ба системи байналмилали амниятӣ андеша кунем… Мо дар бораи ин масъала қаблан низ сӯҳбат кардаем… Сиёсати мо ҳамеша бар ҳифзи манфиатҳои Русия равона шудааст».
Путин ҳамчунин аз чанд системаи низомии наву муосир рӯнамоӣ кард.