Президенти Федератсяи Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар мизи гирди клуби мубоҳисавии «Валдай» дар мавзӯи «Ояндаи ҷаҳон: Ҳаракат аз миёни даргирӣ ва ҳамкорӣ»  ширкат кард ва ба саволҳои зиёд посух дод.

Ба ҷойи мубориза бо терроризм…

Путин аз ҷумла гуфт: «Бархе қудратҳо талош карданд то аз тариқи кудето ва истифодаи рӯйрост аз неруи низомӣ, таҳаввулот дар Ховари Миёнаро дар ҷиҳати манфиатҳои худ мудирият кунанд. Вай гуфт, бархе аз кишварҳо «ба ҷойи мубориза бо терроризм… талош мекунанд то ин ошуфтагӣ ва нооромӣ (дар Ховари Миёна)-ро ба амре доимӣ табдил кунанд… Аммо таҷрибаи Сурия нишон дод, ки метавон ҷойгузине барои ин чолиш ёфт».

Путин афзуд: «Русия ба ҳамроҳи давлати қонунии Сурия ва чанд кишвари дигари минтақа ва тибқи талаботи қонунҳои байналмилалӣ бо террористҳо ҷангид. Ин масир ҳазинаҳои зиёде дошт, аммо мо сабур будем ва ҳар қадамро дониста бардоштему бо бозигарони минтақаӣ ҳамкорӣ кардем».

Ҳадаф аз таҳрим чист?

Путин дар бахши дигаре аз ин суханронӣ бо баёни ин, ки бархе кишварҳо талош мекунанд аз тариқи сиёсат манфиатҳои иқтисодии худро таъмин кунанд, гуфт: «Бархе иқдомҳои сиёсӣ, далелҳои сирф тиҷорӣ доранд. Ҳадафи таҳрими охир, ки дар конгреси Америка тасвиб шуд, хориҷ кардани Русия аз бозори энергияи Аврупо аст». Вай афзуд: «Онҳо мехоҳанд Аврупо аз гази моеи ИМА, ки гаронтар аст, истифода кунад. Онҳо мехоҳанд дар масири проекти «Южний поток» ва «Северний поток» ҳам монеатарошӣ кунанд, дар ҳоле, ки диверсификатсияи (навъсозии) манбаъҳои энергия дар ростои манфиатҳои Аврупо аст».

Русия, Америка, Кореяи Шимолӣ, атом ва дигар кишварҳо

Президенти Русия сипас ба масъалаи буҳрони атомии нимҷазираи Корея пардохт ва гуфт Маскав ҳамвора тасмимҳои баровардаи Шӯрои амнияти Созмони милал, аз ҷумла, таҳримҳо алайҳи Пхенянро иҷро кардааст. Вай бо ин вуҷуд гуфт: «Аммо Кореяи Шимолӣ кишваре мустақил аст ва мо бовар дорем, ки ин буҳрон бояд ба таври мусоламатомез ва аз тариқи гуфтугӯ ҳал шавад. Ин мавзее аст, ки мо ҳамвора дар он қарор дорем».  

Путин бо ишора ба манфиатҳои кишварҳои мухталиф ва талоши онҳо барои расидан ба ин манфиатҳо, гуфт: «Дар дунёи модерн имрӯз, наметавонед бо қурбонӣ кардани дигарон ба дастовардҳои роҳбурдӣ бирасед».

Ӯ гуфт, бархе кишварҳо бо дар пеш гирифтани сиёсатҳои худхоҳона ва таҳоҷумӣ, боиси сар задани нооромӣ ва буҳронҳои мухталиф дар ҷаҳон шудаанд. Вай ба вазъияти пас аз фурӯпошии СССР ҳам пардохт ва гуфт дар пайи густариши ҳавзаи нуфузи НАТО субот дар минтақаи Аврупо коҳиш ёфтаву дар натиҷаи он муоҳидоти чандҷониба ва дуҷониба заиф шудааст.

Ӯ ҳамчунин ИМА-ро ҳам ба адами иҷрои дақиқи муоҳидоти дуҷониба бо Русия барои коҳиши ҳаҷми зарродхонаи атомӣ муттаҳам кард ва гуфт дар ҳоле, ки Маскав ҳамвора дастрасиҳои лозимро ба бозрасони америкоӣ додаааст, аммо Вашингтон ба таври комил ба тааҳҳудоти худ амал накардааст.

Путин дар бахши дигаре аз ин нишаст гуфт, ки бархе аз кишварҳо дар ҳоли сохти аслиҳаҳое ҳастанд, ки атомӣ нестанд, аммо қудрати бо он монандро доранд.

Шикасти террористҳо наздик аст

Президенти ФР дар посух ба саволи дар мавриди вазъияти Сурия, гуфт, бовар дорад, ки террористҳо дар Сурия ба зудӣ шикаст мехуранд. Вай гуфт, ба лутфи ҳамкории Русия, Эрон, Туркия ва давлати Сурия, раванди музокироти Остона ба натиҷаҳои хубе даст ёфта, тавонистаааст ба коҳиши даргириҳо дар Сурия ёрӣ кунад. Путин бо ин ҳол гуфт: «Ин хатар вуҷуд дорад, ки эҷоди минтақаҳои рафъи душманон дар Сурия, ба чанд пора шудани ин кишвар боис шавад. Умедворам, ки ин иттифоқ рух надиҳад».

Дӯст хоҳам дошт ва пазмон хоҳам шуд

Дар охири нишаст ба ӯ гуфтанд, ки намехоҳанд аз тасмимаш дар бораи ширкат дар интихоботи президентии соли ояндаи Русия пурсанд, аммо муҷрии суҳбат гуфт, ки агар Путин аз президентӣ равад, пас клубаш як иштирокчии фаъолро аз даст хоҳад дод. Путин гуфт, ки новобаста аз он, ки ӯ президент мемонад, ё на, умед дорад, ки ба «Валдай» даъват мешавад. Ӯ дар ин маврид ҳаҷверо нақл кард, ки боиси хандаи толор шуд. Путин гуфт: «Олигархе ба ҳамсараш аз касод шуданаш хабар медиҳад ва мегӯяд, ки мошини хориҷиро бо Лада, кӯшки бошукӯҳро бо хона дар Рублевка ва умуман зиндагии пешинаро ба нав иваз кардан лозим меояд. Ҳамсараш розӣ мешавад. Олигарх мепурсад, ки дар ин ҳолат ҳам ӯро дӯст хоҳад дошт. Ҳамсараш мегӯяд: Дӯст хоҳам дошт ва пазмон хоҳам шуд».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here