Президенти Фелератсияи Русия Владимир Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зада ӯро бо пирӯзиаш дар набарди шоми шанбе табрик гуфтааст. Дар ин бора котиби матбуотии президент Дмитрий Песков хабар додааст.

Рӯзи шанбе Нурмуҳаммадов дар раунди дуюм Ҷастин Гетҷии амрикоиро бо роҳи буғӣ кардан мағлуб кард ва бори сеюм унвони қаҳрамони вазни сабуки UFC-ро ҳифз кард. Дар поёни набард Нурмуҳаммадов аз хотима бахшидани фаъолияташ дар набардҳои  UFC эълон кард. Гуфта мешавад, ки ӯ аз ҳисоби ин набард шаш миллион доллар гирифтааст.

Дар маҷмӯъ, ин ҷавони 32-сола дар ҳисоби худ 29 ғалаба дорад ва дар набарди омехта ягон мағлубият надорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here