Ширкати Tcell функсияи навро таҳияву коркард намуда, дар сомонаи расмӣ ҷо кард: https://www.tcell.tj. Акнун муштариён бидуни берун рафтан аз хона метавонанд бо чанд амали оддӣ тавозуни телефони худро пур кунанд.

Функсияи нав барои ҳамаи муштариён, дорандагони кортҳои бонкии “Корти Миллӣ” дастрас аст. Барои пур кардани тавозун, шумо бояд ба бахши «Пур кардани тавозун» дар сомонаи Tcell ворид шуда, сатрҳои лозимаро пур кунед ва тавозуни рақами шумо дар тӯли чанд сония бе фоиз пурра мешавад.

Истифодаи вебсайти расмии ширкат ва ҳамаи бахшҳои он тамоман трафик нахоҳанд дошт ва барои муштариёни Tcell комилан ройгон мебошад.

Дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ ширкати Тсеll ба хостаҳо ва имконоти муштариён таваҷҷӯши аслиро қоил аст. Дар ҳоли ҳозир, замоне, ки хатари мубтало шудан бо вируси COVID-19 зиёд аст ва ба ҳама дар хона мондан тавсия дода мешавад, барои аксари муштариён пур кардани тавозун аз манзили зист беҳтарин роҳҳал аст. Ширкат бо пешниҳоди хидматҳои ҷадид ба муштариён саъй мекунад, ки ҳар чӣ бештар истифода ва корбурди шабакаи Tcell-ро барои онҳо осонтар намояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here