Раиси ҳукумати Каталония Карлес Пучдемон, ки аз ҷониби давлати Испания аз вазифа барканор карда шуд, ба Белгия паноҳ бурдааст. Дар ин бора вакили белгиягии ӯ Пол Бекаерт хабар дод.
Адвокат маълум накард, ки Пучдемон нияти хостани паноҳгоҳи сиёсиро аз Белгия дорад, ё не. Ба гуфтаи ӯ Пучдемон адвокатро барои ҳимояи ҳуқуқиаш гирифтааст.
Прокуратураи Испания таҳдиди бар зидди Пучдемон ва ҳамсафонаш кушодани парвандаро кард. Гуфта мешавад, ки прокуратура онҳоро ба барпо кардани ошӯби вобаста ба раъйдиҳии истиқлолияти Каталония дар рӯзи 1-уми октябр гунаҳкор карданист. Ин раъйдиҳиро на Мадрид қабул дораду на Брюссел.
Парламенти Каталония ҳафтаи гузашта рӯзи ҷумъа дар бораи берун рафтан аз ҳайати Испания овоз дод. Дарҳол баъди ин сенати Испания мухторияти Каталонияро лағв карда, идораи онро ба ҳукумати Мадрид супорид ва баъд ҳукумати ин музофотро пароканда кард. Интихоботи нави парламенти Каталония 21-уми декабр эълон шуд.