Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон вебгоҳи «аkhbor.com»-ро дар баробари дигар вебгоҳҳои хориҷии иғвогар ном бурд ва гуфт нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба хотири сиёҳ кардани мақомоти давлатӣ, бадном кардани ашхоси мансабдор ва алоҳида бо ин вебгоҳ ҳамкорӣ доранд, чораҷӯӣ хоҳанд кард.

Номбурда рӯзи 25-уми январ дар нишасти хабарӣ бо ҳузури рӯзноманигорони расонаҳои кишвар вобаста ба ин вебгоҳ гуфт, “нағз медонед, ки ин аз кӣ аст, аз ҷониби кадом ҷинояткор маблағгузорӣ карда мешавад, ба кадом фаъолият машғул аст”.

— Муттаасифона, дар байни аҳолӣ нафарони иғвогаре ҳастанд, ки ба сиёҳ кардани мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва алоҳида ба воситаи вебгоҳҳои иғвоандоз, аз ҷумла аkhbor.com машғуланд. Мо дар мавриди дар кирдори онҳо мавҷуд будани таркиби ҷиноят ин масъаларо баррасӣ ва нисбати чунин нафарон ҳатман чораҷӯӣ хоҳем кард.

Ин ҷавоби таъкидии прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон ба суоли роҳбари гурӯҳи эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Саиди Ҳайдар нисбати нафароне, ки хабарҳои бардурӯғро тариқи расонаҳои хориҷӣ паҳн мекунанд, дода шуд.

Бино ба гуфтаи Саиди Ҳайдар, ӯ ҳафтае пеш баъд аз хондани матлаб дар вебгоҳи аkhbor.com нисбат ба хунукназарии табибони беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат, ки дар натиҷа бемор ба ҳалокат расидааст, бо сардухтур суҳбат анҷом додааст. Сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ҳама иттиҳомотро рад карда, гуфтааст, ки баракс, табибон давоми се рӯз барои зинда мондани он зан бо марг даст ба гиребон шудаанд, вале муттаасифона, ӯро аз чанголи марг халос кардан натавонистаанд. Фарзандони ин зан низ барои талошашон аз табибони беморхонаи шаҳри Ваҳдат миннатдор будаанд.

— Бадбахтона, нафароне ҳастанд, ки маълумот ва хабарҳои бардурӯғро аз дохили кишвар ба расонаҳои хориҷӣ мерасонанд ва шаъну шарафи нафарони баландмақомро паст мекунанд, — гуфт Саиди Ҳайдар.

Вебгоҳи аkhbor.com ба гуфтаи масъулинаш расонаи мустақил буда, чанде пеш дар фазои интернет фаъол шуд, ки аксари хабарҳояш ба Тоҷикистон ихтисос дода шудаанд ва аз хориҷи кишвар идора мешавад. Саҳифаи ин вебгоҳ дар фазои интернетии Тоҷикистон масдуд аст ва корбарон аксаран ба он бо истифода аз мурургар (browsec) дастрасӣ доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here