Дар соли 2019-ум дар вилояти Хатлон 158 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2018-ум 8 ҳолат кам аст.

Прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, дар ин давра вобаста ба ҷиноятҳои куштор ва сӯиқасд ба он 25 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 26 нафар оғоз шуда, тафтиши 24 парвандаи ҷиноӣ ба итмом расидаву ба суд ирсол гаштааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиноятҳои таҷовуз ба номус дар соли 2019-ум 28 адад ба қайд гирифта шудааст.

— Дар умум соли рафта дар вилояти Хатлон 5 ҳазору 658 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати соли 2018-ум 344 ҷиноят камтар аст, — илова кард прокурори вилоят.

Зикр шуд, ки ошкоршавии  ҷиноятҳо дар сатҳи вилоят 86,44 дарсад мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here