Дар соли 2017 ба Прокуратураи генералӣ 20 муроҷиат оид ба шиканҷа ва бо роҳи муносибати бераҳмона гирифтани нишондод аз гумонбаршудаҳо дар рафти тафтишоти пешакии парвандаҳо ворид шудааст, ки 2 адади онҳо тасдиқи худро ёфтаанд.
Дар ин бора имрӯз, 25-уми январ, прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод дар нишасти хабарии ниҳодаш иттилооъ дод.
Номбурда қайд кард, ки дар соли 2017-ум 2 ҳолати шиканҷа шудани боздоштшудаҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор карда шудааст.
— Вобаста ба ин дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо моддаи кодекси ҷиноятӣ -«Шиканҷа» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, мавриди тафтиш қарор дода шуд. Дар натиҷа шахсони гунаҳгор аз ҷониби суд ҷазои сазовор гирифта, ба муҳлатҳои гуногун маҳкум гардиданд. Дар ҳама ҳолат муроҷиати расмии шаҳрвандон ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар мавриди шиканҷа ва бо роҳи муносибати бераҳмона гирифтани нишондод аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти назорати қатъӣ қарор дода мешавад. Муттаассифона, на ҳама ҷабрдидаҳо ба мақомоти прокуратура муроҷиат мекунанд, — гуфт Аҳмадзод.
Гуфта шуд, аз ду ҳолати ошкоршудаи шиканҷа якеаш аз ҷониби сарнозири минтақавии ШВКД-1 ноҳияи Сино Ҳакимов сурат гирифтааст, ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар суд ҷазои маҳкумӣ таъйин карда шудааст. Ба ҳамин монанд нисбати ду нафар корманди ваколатдори оперативии шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон Файзов ва Зардов низ тафтишот идома дорад.