Прокуратураи генералии Тоҷикистон беш аз 600 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии кишварро вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин бекор карда, ашхоси масъули мақомоти иҷроияро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидааст.
Дар ин бора прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода имрӯз, 14-уми июл, дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Манбаъ гуфт, бекор кардани қарорҳои мазкур дар асоси эътирозҳои прокурорӣ сурат гирифтааст.
Прокурори генералӣ аз собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода мисол оварда, гуфт, мавсуф маҳз барои дағалона вайрон кардани қонунгузории замин айни ҳол дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.