Дар бораи сол аз сол кам шудани теъдоди муштариёни “Овози тоҷик” мақолаҳои зиёд нашр мешаванд. Дар ин мақолаҳо ҳамеша аз тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват карда мешавад, ки ин рӯзномаро дастгирӣ кунанд ва то дар пайи мушкил рӯзе ин рӯзнома ба коми нестӣ фурӯ наравад.

Айнан дар ин рӯзҳо фикру ақидаҳои яке аз фарҳангсолорони тоҷиктабори Ӯзбекистон, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон, узви Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, академики Академияи фанҳои Тӯрон Аслиддин Қамарзодаро овардан хеле бамаврид аст, ки  перомуни рӯзномаи «Овози тоҷик» баён кардааст.

Устод Қамарзода мӯътақид аст, ки феълан шароити зисти мардум аз ҷиҳати иқтисодӣ паст ва нархи маводи ниёзи аввалия боло меравад. Дар натиҷа, ҷудо кардани маблағ аз буҷаи хонавода  барои обунаи рӯзномаҳо на ҳамеша кори имконпазир мебошад. Ҳарчанд Ҳукумати Ӯзбекистон як қисми харҷи табъу нашри «Овози тоҷик»-ро ба зиммаи худ гирифтааст, вале тоҷикони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ бояд аз ин рӯзнома пуштибонии молӣ кунанд.

Бино ба навиштаи Аслиддин Қамарзода «Овози тоҷик» рӯзномаи хусусӣ ё тиҷоратӣ нест ва рӯзномаи марбути давлат, тарғибгари асосии ғояҳои истиқлол,  сиёсати давлат ва мақсаду мароми президенти Ӯзбекистон, ҳамзамон вассофи дӯстиву рафоқати байни халқҳои ин кишвар ба забони модарии яке аз мардуми таҳҷойии Ӯзбекистон ба шумор меравад.

Дар пайи он устод меафзояд, ки муҳити эҷодии рӯзнома баъд аз ба нафақа баромадан ва ё аз кор рафтани як идда фидоиёни матбуот ва рӯзноманигорони соҳибистеъдоду ҳозирҷавобу ташкилотчӣ хеле коста гардид. Брои беҳбуди кор дар ин рӯзнома муборизони ҷонфидо, рӯзноманигорони ҳозирҷавоб бояд фаъолият кунанд, ки гапашон дар идораҳои дахлдор гузарад ва мақолаҳое нависанд, ки ба дарди рӯз хӯрда тавонад.

Аслиддин Қамарзона бар ин назар аст, ки дар баъзе шумораҳои рӯзнома хабару мақолаҳои хонданбоб ба назар намерасанд. Муассиси рӯзнома Девони Вазирон ва Парлумони Ӯзбекистон мебошад ва нашри маводи расмиро низ бояд он ба хонандагон расонад, лекин агар фишурдаи ин ҳуҷҷатҳои расмӣ дар рӯзнома ҷой дода шаванд ва мутолиаи матни пурраи он бо нишон додани манбаъ иктифо ёбад, ҳаргиз боке нест. Он гоҳ барои  чоп кардани тарҷумаи матни ҳуҷҷатҳои расмӣ, ки баъзан 4-5 саҳифаи рӯзномаро ишғол менамояд, эҳтиёҷ намемонад.  Ба ҷои он матолиби хубу хонданӣ ҷой дода мешаванд, ки боиси афзудани обрӯю эътибори газета мегардад.

Устод Қамарзода суст будани фаъолияти марказҳои фарҳангии тоҷикони вилоятҳоро дар мавриди обуна интиқод кардааст. Вай маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Бухороро мисол овардааст, ки  ба ин масъала тамоман таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад.

Ба ақидаи муаллифи мақола дар Ӯзбекистон низ сарватмандони тоҷик соҳиби тӯйхонаю супермаркетҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, биноҳои серошёнаву қасру кошонаҳо ҳастанд, аммо баъзеи онҳо аз маърифат фарсахҳо дуранд. Пули зиёдашонро ба ҳаво мепошанд, вале як дона китоб намехаранд ё рӯзнома намехонанд.

Профессор Қамарзода аз он ибрози хушҳолӣ намудааст, ки  дар донишгоҳҳои давлатии Самарқанд, Тирмиз, Фарғона, Бухоро, донишкадаи омӯзгории Чирчиқ гурӯҳҳои тоҷикӣ фаъолият мекунанд. Вай суол кардааст, ки дар ин муассисаҳо оё донишҷӯён ва омӯзгорон рӯзномаи тоҷикӣ мехонанд?  Ба таъкиди ӯ, мутаассифона, баъзеи онҳо ҳатто намедонанд, ки  дар Ӯзбекистон рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», ҳафтаномаи «Ховар» нашр мешаванд, боз бехабаранд, ки як қатор рӯзномаҳои ноҳиявӣ саҳифаҳои тоҷикӣ доранд.

“Магар онҳо ғурур ва ифтихори миллӣ надоранд? Магар онҳо намедонанд, ки агар чунин ҳолат давом кардан гирад, баъди чанд сол дар Ӯзбекистон номи тоҷик ба забон гирифта намешавад ва забони тоҷикӣ ҳам дар кишвари мо билкул аз байн меравад?! Мабод он рӯз!”, — ҳушдор додааст вай.

Аслиддин Қамарзода бо таассуф боз қайд намудааст, ки тоҷикон дар кишвар худро чун афроди бегона ҳис мекунанд. Аз он меҳаросанд, ки  ба забони модарӣ ҳарф зананд ва бачаҳояшон дар мактабҳои тоҷикӣ таҳсил кунанд. Рӯзномаи бо ҳазор машаққат таъсисёфтаи “Овози тоҷик”-ро ба аҳволи ногувор мондаанд. Дар натиҷа, ба манқурти тайёр табдил шуда, фарзандонашонро низ дар ҳамин рӯҳия тарбия мекунанд.

Ба таъкиди профессор Қамарзода бояд ҳайати эҷодии рӯзнома аз ҳисоби рӯзноманигорони ҳақиқатгӯю ҳозирҷавоб ва қавиирода афзоиш ёбад, онҳо дар шароити имрӯзаи озодии сухан, ки барои рӯзноманигорон муҳайё шудааст, аз дарду доғи рӯз ва муаммоҳои зарурӣ далерона маводи хонданбоб нависанд.

— Вақте ки касе фалон матлабро дар «Овози тоҷик» хондам,  гӯяд, он зуд паҳн шуда, ҳама дар ҷустуҷӯйи ҳамон шумораи рӯзнома мешаванд ва ин дар афзоиши теъдоди обуначиён ҳам хеле мусоидат мекунад, — зикр намудааст Аслиддин Қамарзода.

Тавре ки муаллиф ишора кардааст,  рӯзномаи «Овози тоҷик» бояд муаммоҳои ҳалталаби тоҷикони Ӯзбекистонро низ дар мадди назар дошта бошад. Ба суоли он ки чаро теъдоди мактабҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон кам мешаванд, чаро дар вилояти Бухоро чунин мактабҳо нест шуданд, ҷавоб пайдо кунад. Ҳамчунин оид ба он ки сифати китобҳои дарсӣ ва тарҷумаҳои он паст аст, матолиб нашр намояд.

Вай пешниҳод кардааст, ки дар «Овози тоҷик» саҳифаҳои «Адабиёт ва санъат», «Ҷаҳони зан», «Мактаб ва ҳаёт», «Соҳибкор», «Кишоварз», «Табобат», «Инсон ва қонун», “Панду андарз», «Тарҷума» ва монанди инҳо мунтазам ба нашр расанд ва дар таҳияи ин саҳифаҳо   ходимон ва мухбирони ҷамоатӣ саҳм гиранд. Ҳар як маводи хабарнигорони ҷамоатӣ ва шахсони ҷудогона, ки ба унвони «Овози тоҷик» мерасад, бояд аз эътибор дур намонад. Ба мақолаҳои чопнашуда ҷавоб нависанд…

Аслиддин Қамарзода мӯътақид аст, ки баргузории озмунҳо барои паҳнкунандагони рӯзнома ва муаллифони мақолаҳои беҳтарин хеле муфид аст. Масъалаи пардохти ҳаққи қалам барои ҳар як хабару мақола низ бояд ҳал карда шавад, чунки кас ҳангоми нашр шудани маводаш ва ба даст гирифтани ҳаққи қалами он боз бештар навиштанаш меояд. Гузашта аз ин, ба таҳриру такмили хабару мақолаҳои мухбирони ҷамоатӣ эътибори ҷиддӣ мебояд дод.

Масъалаи дигаре, ки ба назари Аслиддин Қамарзода муҳим аст, ҷалби таваҷҷӯҳи сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба ин рӯзнома мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Аслиддин Қамарзодаро ба ташвиш мувоҷеҳ намудааст, набудани мактаби махсуси соҳибиқтидорҳо, шаффоф набудани олимпиадаҳои фаннӣ, таълиф нагардидани саволномаҳои тестӣ ба забони тоҷикӣ, ташкил нашудани курсҳои такмили ихтисоси муаллимон ба забони тоҷикӣ низ мебошад. Вай боз савол мегузорад, ки чаро дар мавзеъҳои тоҷикнишини мамлакат лавҳа ва навиштаҳо ба забони тоҷикӣ дида намешаванд? Ташкили  шабакаи алоҳидаи телевизионӣ ба забони тоҷикӣ чаро ба ёди касе намерасад? Чаро Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон бахши адабиёти тоҷикро созмон намедиҳад? Профессор Қамарзода ҳамчунин масъалаи дар Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатиро дар миён гузоштааст.

Профессор Қамарзода мӯътақид аст, ки агар фишурдаи ин навиштаҳои ӯ ба президенти Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев расад, ки инсони комил, сарвари одилу маърифатпарвар ва фарҳангпеша мебошад, эътимоди комил дорад, ки ҷаноби Мирзиёев ҳамаи дархосту ниятҳояшро дастгирӣ менамояд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here