Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи генералии СММ, ки дар шароити дунёгиршавии коронавирус аз тариқи онлайн баргузор гардид, изҳор кард,  ки сад соли охир дар сайёраи замин чунин офат рух надода буд.

— Бар ин асос пешниҳод мекунем, ки дар давраи пандемия таҳти сарпарастии СММ Кодекси байнулмилалии ӯҳдадориҳои ихтиёрии  давлатҳо таҳия шавад. Дар ин ҳуҷҷат бояд ӯҳдадории ҳар як давлат дар назди шаҳрвандони худ ва ҳамкорони байнулмилалӣ аммиқан акси худро ёбад,-гуфт Шавкат Мирзиёев.

Вай афзуд, ки аз оғози пахши ин беморӣ кишвараш тамоми нерӯро барои муқовимат бо он равона кардааст, то ки ҳаёти мардумаш зери хатар қарор нагирад. Ба гуфтаи ӯ Ӯзбекистон пешниҳоди Дабири кулли СММ Антониу Гутерришро ҷиҳати баргузории нишаст перомуни мушкилоти муҳими таъмини амнияти хӯрокворӣ дар чунин шароити бӯҳронӣ комилан дастгирӣ мекунад.

Дар пайи суханронӣ президенти Ӯзбекистон дар бораи пиёда кардани ислоҳоти доманфарохи кишвараш таваққуф намуд. Вай гуфт, имрӯз дар Ӯзбекистон дигаргуниҳои демокросӣ характери бебозгашт пайдо кардаанд. Инро интихоботҳои соли гузаштаи парлумонӣ собит намуданд. Маълум шуд, ки мардуми Ӯзбекистон фаъол шудаанд, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъсири воситаҳои ахбори оммавӣ афзоиш дидааст.Дар натиҷаи сиёсати гендерӣ дар идораҳои давлатӣ, парлумон теъдоди занҳо ба ду баробар афзудааст.

Шавкат Мирзиёев дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар ба он нукта таваҷҷӯҳи иштирокчиёни иҷлосияи СММ-ро тамаркуз дод, ки ба меҳнати маҷбурӣ ва кӯдакон дар Ӯзбекистон барҳам дода шуд. 50 ҳазор шахсон ба шаҳрвандии Ӯзбекистон пазируфта шуданд.

— Вазъи таъмини озодии виҷдон ва эътиқод куллан беҳтар гардид. Таҳкими ҳамоҳангии минбаъдаи байни миллатҳо ва таҳаммулпазирии байни мазҳабҳо аз вазифаҳои муҳими мо ба шумор мераванд,-иброз дошт Шавкат Мирзиёев.

Ба гуфтаи сарвари давлати Ӯзбекистон дар идораҳои додрасонӣ ислоҳоти ҷиддӣ пиёда мегарданд, то ки устувории қонун таъмин карда шавад. Гузашта аз ин, муборизаи беамон бо ришватхорӣ доман фарох менамояд. Дар ин кишвар мавҷудияти камбизоатӣ эътироф карда шудааст ва барои коҳиши он эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

— Моҳи август дар шаҳри Самарқанд бо сарпарастии СММ форуми байнулмилалии ҳуқуқи ҷавонон баргузор гардид. Аз шумо даъват мекунам, ки ташаббуси Ӯзбекистонро дар бораи қабули Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи ҷавонон дастгирӣ кунед. Ҳамзамон бо дарназардошти афзоиши нақши парумонҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ пешниҳод мекунам, ки қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ дар бораи баланд бардоштани нақши парлумонҳо дар ноилшавӣ ба мақсадҳои рушди устувор ва таъмини ҳуқуқи инсон қабул карда шавад,-гуфт Шавкат Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев дар бораи беҳбуди робитаҳои байнидавлатҳои Осиёи Марказӣ изҳори ақида намуд ва гуфт, ки мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои ин минтақа мунтазам баргузор мегарданд ва фазои хуби ҳамсоядорӣ, боварии мутақобила ва эҳтиром фароҳам оварда шуд, ҳаҷми табодули моли миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ панҷ маротиба зиёд гардид.

— Имрӯз дар назди давлатҳои Осиёи Марказӣ вазифаи муҳими стратегӣ-таъмини интегратсияи амиқи иқтисодӣ, нақлиёт ва роҳравҳои тронзитӣ меистад,-гуфт Шавкат Мирзиёев.

Вай тазаккур дод, ки пешниҳод мекунад бо сарпарастии СММ Маркази минтақавии рушди ҳамбастагии нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ ташкил шавад.

Ба гуфтаи президенти Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ ҳамкориҳо дар соҳаҳои таъмини амният таҳким меёбанд, стратегияи амиқи зиддитеррористии СММ муваффақона иҷро карда мешавад. Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки бахшида ба натиҷаи дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Нақшаи минтақавии якҷоя аз рӯи иҷрои ин Стратегия, ки барои 10 сол қабул шудааст, Конфаронси байнулмилалӣ баргузор карда шавад.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин изҳори омодагӣ кард, ки Ӯзбекистон бо ЮНЕСКО соли 2021 дар шаҳри Хива таҳти унвони “Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ”  Конфаронси байнулмилалӣ баргузор намояд.

Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар бораи вазъияти Афғонистон таваққуф намуд. Вай гуфт, ки Афғонистонро ба ҳайси як ҷузъи Осиёи Марказӣ мепиндоранд. Барои барқарории сулҳу субот дар ин кишвар соли 2018 дар шаҳри Тошканд як нишасти бонуфуз баргузор гардид, то ки таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин кишвар бештар ҷалб карда шавад.

— Мо музокираҳои сулҳомези миёни нерӯҳои сиёсии Афғонистонро дар шаҳри Доҳа пурра дастгирӣ мекунем. Умедворем, ки ин гуфтушунидҳо барои барқарории сулҳ дар кишвари азияткашидаи Афғонистон муосидат хоҳанд кард. Бо ҳадафҳои ҷалби Афғонистон дар раванди минтақавии интегратсионӣ ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ, мисли сохтумони хати барқи Сурхон-Пули Хумрӣ ва роҳи оҳани Мазори Шариф то бандаргоҳи океани Ҳинд шурӯъ кадаем,-гуфт Шавкат Мирзиёев.

Сарвари Ӯзбекистон ибрози умедворӣ кард, ки масъалаи барқарории сулҳу субот дар Афғонистон ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи СММ  қарор хоҳад гирифт.

Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ аз тағйири глобалии иқлим ибрози ташвиш намуд. Вай гуфт, ки ин таҳдид ҳатто ба рушди устувори Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ ба бор овардааст. Минтақаи Арал ба маркази фоҷиаҳои экологӣ табдил ёфтааст. Ҳоло дар ин ҷо талоши зиёд ба харҷ дода мешавад, ки вазъият беҳбуд ёбад.

— Бар асоси ташаббуси мо дар минтақаи назди Арал Хазинаи эътимодбахши СММ барои амнияти инсон ташкил карда шуд. Умедворем, ки ин Хазина барои кумакҳои амалии ҷомеаи байнулмилалӣ ба аҳолии ин минтақаи бади экологӣ мусоидат менамояд,-изҳор кард Шавкат Мирзиёев.

Президенти Ӯзбекистон таҳдиди камбизоатиро низ аз масъалаҳои умда арзёбӣ кард ва пешниҳод намуд, ки яке аз иҷлосияҳои Ассамблеяи генералии СММ маҳз ба ҳамин масъала бахшида шавад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here