Шоми имрӯз, 23 сентябр, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи генералии СММ, ки аз тариқи онлайн баргузор мегардад, иштирок ва як қатор ташаббусу пешниҳодҳои муҳимеро дар миён хоҳад гузошт. Гуфта мешавад, ҷаноби Мирзиёев бори нахуст дар иҷлосияи СММ ба забони ӯзбекӣ баромад хоҳад кард ва он ба забонҳои дигар тарҷума хоҳад шуд.
Интизор меравад, ки ин пешниҳоду ташаббусҳои Шавкат Мирзиёев ба таҳкими сулҳу субот, таъмини рушди устувор, амиқсозии гуфтугӯҳои созанда дар минтақа ва сатҳи ҷаҳонӣ, мусоидат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин муқовимат дар баробари тамоми таҳдидҳо ва чолишҳое, ки дар соҳаҳои тағқирёбии иқлим, мушкилоти амнияти озуқаворӣ, рафъи камбизоатӣ ва коҳиши он ба мушоҳида мерасанд, нигаронида хоҳанд шуд.
Президенти Ӯзбекистон то ин замон дар ташкилу созмондиҳии якчанд анҷуману нишастҳо мусоидат намудааст, ки барқарор ва таҳкиму сулҳу субот дар Афғонистон ва амнияти минтақавиро мадди назар доштаанд. Аз ҷумла, яке аз чунин нишастҳои бонуфуз 27 марти соли 2018 таҳти унвони “Раванди сулҳ, ҳамкорӣ дар бахши амният ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ” дар шаҳри Тошканд роҳандозӣ гардид.
Гузашта аз ин, ҷамъомадҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, қабули қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ дар бораи “Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ аз рӯи таъмини амният, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ” аз 22 ибни соли 2028 низ аз зумраи ҳамин ташаббусҳои Шавкат Мирзиёев унвон гирифтаанд.
Дар пайи он сарвари давлати Ӯзбекистон соли 2017 дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи муҳими экологӣ ва фоҷиаи Арал нигаронидааст.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд