Дар арафаи 29-умин солгарди ҷашни эълони истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон президент Шавкат Мирзиёев фармон “Дар бораи афви гурӯҳи одамоне, ки муҳлати ҷазоро сипарӣ мекунанд ва самимона ибрози пушаймонӣ карда, бо қатъият дар роҳи ислоҳшавӣ қарор доранд”-ро имзо кард.

Гуфта мешавад, мувофиқи ин фармон 113 нафар, ки барои содири ҷиноятҳои гуногун дар зиндонҳо мӯҳлати ҷазоро сипарӣ мекунанд, аммо аз кардаи худ сахт пушаймон гашта, ваъдаи қатъии ислоҳ шуданро додаанд, мавриди афви ӯ қарор гирифтанд.

Аз шумори умумии афвшудагон 5 нафар аз иҷрои мӯҳлати ҷазо комилан озод карда шуданд. 53 нафар пеш аз вақт шартан ба озодӣ баромаданд, ҷазои 15 нафар сабук карда шуд. Мӯҳлати ҷазои 40 нафар зиндонӣ коҳиш дид.

Дар миёни шахсони афвшуда сини як нафар аз 60 боло мебошад, 2 нафар шаҳрванди кишвари хориҷианд, 105 нафар дар созмонҳои мамнӯъшуда фаъолият кардаанд.

Дар чорчӯби пиёда кардани фармони президент Мирзиёев ба вазоратҳо ва идораҳои масъули ин кишвар  супурда шудааст, ки баъди бозгашти афвшудагон ба назди аъзои оила ва пайвандонашон дар мутобиқшавии иҷтимоӣ, ҷалби онҳо ба шуғли муфид, интихоби тарзи ҳаёти солим ва ишғоли мавқеъ дар ҷомеа аз наздик ҳамкорӣ ва мусоидат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки бори аввал соли 2017 бо фармони президент Шавкат Мирзиёев 2700 нафар, моҳи июни соли 2018-ум  226 нафар, моҳи август 261 нафар, моҳи декабр 136 нафар, моҳи марти соли 2019-ум 44 нафар, моҳи декабри ҳамон сол 92 нафар зиндонӣ афв карда шуданд.

4 феврали соли равон президенти Ӯзбекистон бо судури як фармон 58 нафар зиндониро пеш аз адои мӯҳлати ҷазо афв кард. Моҳи майи соли равон 258 нафар аз зиндон раҳо карда шуданд. Ин фармони сеюм дар соли 2020 мебошад, ки президент Шавкат Мирзиёев дар  бораи афви зиндониён имзо кардааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here