Ҳавопаймоии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев субҳи имрӯз ба фурудгоҳи Душанбе поён омад. Ӯро дар фурудгоҳ шахсан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.

Ҳазорон нафар сокини пойтахт дар хиёбонҳои шаҳр президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро, ки бори нахуст бо сафари расмии корӣ ба Душанбе омад, пешвоз гирифтанд. Меҳмони олиқадр бо раҳнамоии мизбонҳо ба Қасри миллат омад. Дар ин ҷо мулоқоти президентҳои ду кишвар баргузор мешавад, сипас вакилон аз ду ҷониб ба ин вохӯрӣ ҳамроҳ мешаванд.

Дар нимааи дуюми рӯз бо иштироки президентҳои Тоҷикистону Узбекистон намоиши молу маҳсулоти Узбекистон ифтитоҳ меёбад.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ду рӯз идома мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here