Дар чаҳорчӯби сафари Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар мулоқоти дуюми машваратии сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ 29-уми ноябр байни президентҳои Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мулоқот сурат гирифт. Дар ҷараёни ин мулоқот ривоҷу равнақи ҳамкориҳои серпаҳлӯи ин ду кишвар, ки гуфта мешавад, дараҷаи шарикии стратегӣ касб намудааст, аз ҷониби сарони ду давлат таъкид гардид.
Ҳамчунин, сарварони Ӯзбекистону Тоҷикистон рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишварро хеле муҳим арзёбӣ карданд, ки бар асоси саъй ва ҳаракатҳои якҷояи Шавкат Мирзиёев ва Эмамалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Хосатан, афзоиши беш аз пеши ҳаҷми тиҷорати моли байни ду мамлакат, доман густардани корҳои савдо ва табодули фарҳангӣ-гуманитарӣ ҳарду тарафро қаноатманд месозад.
Дар ин мулоқот ҳамзамон ба он нукта таваҷҷӯҳ зоҳир гардид, ки байни мардуме, ки бо ҳам асрҳои тӯлонӣ ба ин сӯ робитаҳои хешу таборӣ доранд, ҳамкориҳоро мебояд тавсеа бахшид. Гузашта аз ин, сарварони ду давлати ҳамҷавор масъалаҳои минтақавӣ ва байналхалқиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки талошҳои зиёди ду ҷониб барои мустаҳкам шудани дӯстиву рафоқат ва ҳамсоягии неку ҳасана, шарикии стратегӣ барои манфиатҳои мардуми ҳарду ҷониб хидмат хоҳанд кард.
Мулоқоти сарони давлатҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ки барои ҳамоиши муштарак ва баррасии якчанд масъалаи муҳим дар Тошканд гирдиҳам омадаанд, идома дорад.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд