Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аввалҳои моҳи феврал бо сафари расмӣ  ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад ОИ “АР” дар такя ба як манбаи Ҳукумати Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар рафти сафар президенти Қирғизистон бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид анҷом медиҳад. Дар рафти вохӯрӣ ба масъалаҳои ҳамкории давлатҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, амният, нақлиёту энергетика, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ дар заминаи қарордодҳои ҷониб ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ – СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ ва СААД баррасӣ мешаванд.

Хусусан, дар ҷараёни гуфтушунид сарони кишварҳо ба масоили анҷоми муноқишаҳо ва аломатгузории марзи давлатии кишварҳо, амалисозии лоиҳаи САSA-1000 ва рушди ҳамкориҳои иҷтисодиву фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард.

Сооронбой Жээнбеков моҳи октябри соли 2017 президенти Ҷумҳурии Қирғизистон интихоб шуда буд ва ин сафари расмии ӯ нахустин сафар ба Душанбе дар соли равон мебошад.

Нуралӣ Карим

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here