Дар Тоҷикистон зарурати таъсиси дубораи Институти давлат ва ҳуқуқ ба вуҷуд омадааст. Дар ин бора президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ 12-уми феврал зимни нишасти матбуотии ниҳодаш иттилоъ дод.

Вай гуфт, ки қарори ҳукумати кишвар дар масъалаи консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва дар банди 66-уми он омадааст, ки дар сохтори Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон Институти давлат ва ҳуқуқ таъсис дода шавад.

— Дар консепсия дарҷ гардидааст, ки имрӯз зарурияти таъсис додани Институти давлат ва ҳуқуқ пеш омадааст. Албатта ин вақт талаб мекунад. Моро зарур аст, корҳои ташкилиро вобаста ба таъсиси ниҳоди нав дар сохтори Академияи илмҳо ба охир расонем. Аз ин ҳуҷҷат бармеояд, ки аллакай Ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, дубора Институти давлат ва ҳуқуқро таъсис диҳад, — гуфт президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Фарҳод Раҳимӣ вобаста ба тӯл кашидани сохтмони бино дар ҳудуди Академия, ки атрофаш баҳсҳои зиёд ба гӯш мерасанд, гуфт «баъзеҳо даъво доранд, бино барои Институти давлат ва ҳуқуқ сохта мешавад, дигарон мегӯянд, он барои Маркази инноватсионӣ пешбинӣ гардидааст. Ба ҳар ҳол, бино сохта мешавад. Ин ҷо сухан танҳо дар бораи маблағгузорӣ меравад».

— Бовар дорем, ки як сол пас сохтмони бино ба охир мерасад ва дар сурати таъсиси Институти давлат ва ҳуқуқ мо ҳатман онро бо макони фаъолият таъмин мекунем. Аз ҳама муҳим имрӯз дар санади меъёрию ҳуқуқие, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, зарурати аз нав таъсис додани Институт тасдиқ шудааст, — илова кард Фарҳод Раҳимӣ.

Ёдовар мешавем, ки Шӯъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови АИ ҶТ соли 2011 дар заминаи Шӯъбаи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ, ки соли 1992 аз Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти фалсафа дода шуда буд (1992-2005) ва Шӯъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011) таъсис ёфтааст. Феълан, Институти қаблии давлат ва ҳуқуқ ҳамчун сектори Интитути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here