Президенти Покистон Ориф Алвӣ баъд аз гирифтани вояи якуми воксини чинии “Sinopharm” ба коронавирус гирифтор шуд. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи твиттери худ хабар додааст. “Натиҷаи озмоиши ман аз «COVID-19» мусбӣ баромад”, – навиштааст Алвӣ дар твиттер.

Ба гуфтаи Ориф шояд аз он сабаб коронавирус шудааст, ки организм баъд аз қабули вояи дуюм подтан пайдо мекунад.  Ориф якумин дозаи воксин аз коронавирусро 15-уми март гирифта будааст.

Сарвазири ин кишвар Имрон Хон низ пас аз гирифтани воксинаи чинӣ ба коронавирус гирифтор шудааст. Дар ин бора дар твиттер ёрдамчии сарвазир дар бахши тандурустии миллӣ Файсал Султон хабар додааст. Ӯ қайд кардааст, ки Имрон аз тести коронавирус ҷавоби мусбӣ гирифт ва барои чанд муддате аз мардум фосила мегирад.

Пас аз як рузи воридшавии дуюмин вояи воксин, ки дар ҳаҷми 500 ҳазор ба кишвар дохил шуд, сарвазири ин кишвар 18-уми март воксин гирифт.

Аз вазорати тандурустии ин кишвар гуфтаанд, ки воксин каме дер таъсир мекунад, масуният пас аз чанд ҳафта пайдо мешавад. Шӯъба исрор дорад, ки вазъият бо Хон набояд бовариро ба қобилияти пешгирии сирояти коронавирус ба вуҷуд орад.

«Сарвазир Имрон Хон ҳангоми сироят ин амалиётро пурра ба анҷом нарасонида буд. Вай танҳо миқдори якуми доруро гирифтааст ва ин ду рӯз пеш рух додааст », — омадааст дар хабари хадамоти матбуот, ки дар Твиттер нашр шудааст. Дар паём омадааст, ки бо чунин муддати кӯтоҳ, сарвазирро ҳеҷ як воксинҳои мавҷуда наҷот дода наметавонистанд, зеро подтанҳо дар тӯли ду-се ҳафта пайдо мешаванд.

Рӯзи 23-юми март президенти Русия Владимир Путин аввалин тазриқи воксини коронавирусро анҷом дод. Вай вояи дуввумро пас аз се ҳафта мегирад. Кремл мушаххас накардааст, ки президент аз се воксини Русия кадомеро интихоб кардааст. Путин гуфт, ки пас аз воксин табаш набуд, аммо рӯзи дигар ӯ «каме танаффус кардааст».

Дар байни сарварони ҷаҳон, президенти ИМА Ҷо Байден, президенти Украина Владимир Зеленский, президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, маликаи Бритониёи Кабир Елизаветаи II ва дигарон низ аз сирояти коронавирус воксинзанӣ шудаанд.

Бахтиёр Раҳматуллоев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here