Рӯзи ҷумъа президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни ироаи муроҷиатнома ба Олий Маҷлис ва сенати кишвараш роҷеъ ба вазифаҳои устуворе ҳарф зад, ки барои панҷ соли оянда  муайян шудаанд.

— Мо танҳо аз роҳи демократия пеш меравем ва комилан ин роҳи дуруст аст. Пиёда кардани исолоҳот ва фаровон шудани ҳаёти мардум аз бунёд намудани корхонаҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои кори нав маншаъ мегиранд. Касе ҳаргиз аз беруни кишвар вазифаҳои бар дӯш доштаи моро иҷро намекунад. Барои ҳамин зарур аст вазифаҳои устуворе, ки назди мо меистанд, онро бо масъулият иҷро кунем, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Вай тазаккур дод, ки дар даҳ соли охир бори аввал рейтинги Ӯзбекистон дар миқёси байналмилалӣ андак боло рафт. Ин кишвар ба пешрафтҳои иқтисодӣ, содироти маҳсулот ва афзоиши воридоти асъор ноил гардид.

Президент Мирзиёев аз хотирҷамъ шудани роҳбарон изҳори нигаронӣ кард ва иброз дошт, ки пешрафтҳо наметавонанд барои хотирҷамъ шудан омил бошанд.

— Бар асоси масъалаҳои муҳиме, ки дар мулоқот аз тарафи мардум  пешниҳод шудаанд, харитаи роҳ бояд таҳия гардад, дар акси ҳол сазовор шудани давлат ва депутатҳову сенаторон ба эътимоди мардум мушкил мегардад, — гуфт Шавкат Мирзиёев. — Халқ ба идораҳои давлатӣ не, балки идораҳои давлатӣ ба халқ бояд хизмат кунанд.

Президенти Ӯзбекистон соли 2020-ро “Соли ривоҷи илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ” эълон кард. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки грантҳои давлатиро барои донишгоҳҳо афзоиш медиҳад ва муддати таҳсил дар баъзе донишгоҳҳоро ба се сол коҳиш медиҳад. Гузашта аз ин, 700 нафар олими ҷавон ба хориҷа барои такмили касбу таҳсил фиристода мешаванд.

— Барои ҷавонон шароити созгор офарида мешавад, он гоҳ онҳоро дигарон истихдом намекунанд ва ба қасди хориҷа онҳо Ӯзбекистонро тарк нахоҳанд кард. Як миллион ҷавонони кишвар дар бахши таълими барномаҳо ва технология тарбия карда хоҳанд шуд, — тазаккур дод Президенти Ӯзбекистон.

Ба таъкиди ӯ аз когазбозиҳои беҳудаву бесамар бояд парҳез кард. Яке аз роҳҳои асосии ҷалби сармояҳо ташкил кардани форумҳои сармоягузорӣ низ мебошад ва дар ин росто бояд домани фаъолиятҳоро тавсеа бахшид.

— Сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ 4,2 милрд долларро ташкил намуд ва нисбат ба соли 2018 3,1 млрд ё 3,7 дарсад афзуд. Саҳми сармояҳо ба маҳсулоти холиси дохилӣ 37 дарсад боло рафт. Мамлакат дар бозори молиявии ҷаҳонӣ  1 млрд доллар облигатсияҳоро ворид намуд. Дар баробари ин, бонкҳо бояд соҳибихтиёр бошанд ва ба кори онҳо ягон мақомоти давлатӣ дахл накунанд, ин бонкҳо ба мардум хизмати арзонро пешниҳод намоянд, — зикр кард Шавкат Мирзиёев.

Вай гуфт, ки Ӯзбекистон 20 сол роҳҳоро баст ва тамоми маводи транзитӣ шафати Ӯзбекистонро убур мекарданд, барои ҳамин даромад аз ин ҳисоб коҳиш ёфт. Ба таъкиди ӯ тарифҳои транзитӣ боз ҳам бештар бояд коҳиш дода шаванд.

— Бозорҳои нав барои таъмини ҷойҳои нави кор лозиманд. Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия роҳҳои асосии транзитии мо маҳсуб меёбанд, — гуфт ӯ. — Ҳамкорӣ бо иттиҳоди Авруосиёро омӯхта истодаем. Инро шумо, депутатҳо ҳал хоҳед кард.

Масъалаи дигаре, ки Президенти Ӯзбекистон ба он таваҷҷӯҳ кард, бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил ба зиндон равон шудани одамони зиёд, соҳибкорон мебошанд, ки аз қавли Мирзиёев, бояд ба он хотима дода шавад.

Ба гуфтаи сарвари давлати Ӯзбекистон, масъалаи сабти ном дар ҷойи зист низ бояд сода карда шавад ва шаҳрванди ин кишвар ҳар ҷо, ки хоста бошад, метавонад он ҷо хонаву дар харидаву зиндагӣ кунад.

— Эътироф бояд кард, ки 12-15 фоиз аҳолии моро хонаводаҳои камбизоат  ташкил мекунанд. Ин 4-5 миллион нафар аҳолии кишвар мебошад. Коҳиши камбизоатӣ тақозо менамояд, ки ин қишри одамон  ба корҳои соҳибкорӣ ҷалб карда шаванд. Сарнавишти онҳое, ки дар кӯдакистонҳо ба воя мерасанд, низ боиси нигаронӣ аст,-гуфт Шавкат Мирзиёев.

Вай афзуд, ки мубориза алайҳи ришватхорӣ бояд тавсеа ёбад. Ин иллат ба ривҷу равнақи тамоми соҳаҳо монеа эҷод кардааст. Бояд ваксинаи зидди ришватхорӣ мавриди истифода қарор гирад, зеро ин иллат ҳамчун завлонаи сахти пойҳо намегузорад, ки ҷомеаи ин кишвар ба пеш равад.

— Афроде, ки дар Ӯзбекистон аз соли 1995  ба ин сӯ ба сар мебаранд, бояд аз ҳақи шаҳрвандӣ бархурдор бошанд. Ба ҷомеа баргардонидани ашхоси ба иттиҳоми ифротгаро муттаҳам низ яке аз корҳои зарурӣ мебошад,-гуфт Мирзиёев.

Вай дар идомаи муроҷиат ба парлумони кишвараш озодии судҳоро дар миён гузошт. Шавкат Мирзиёев гуфт, ки танҳо ба роҳи адолат метавон ба пешрафтҳо ноил шуд.

— То муҳокимаҳои судӣ тазйиқ манъ карда мешавад. Ҳар як фард зимни қадам монданба остонаи суд бояд бидонад, ки адолат барқарор мешавад!-гуфт ӯ.-Адолат бузургтарин мизони зиндагист ва он аз байн равад, дар он сурат қурби зиндагӣ низ аз байн меравад.

Вай тавсеаи ҳамкориҳо бо давлатҳои дуру наздик, аз ҷумла, бо кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ кард. Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистон бо кишварҳои абарқудрати ҷаҳон низ ҳамкориҳои худро тавсеа мебахшад.

— Дар се соли охир таъмини озодии баён ва имкониятҳо нав барои журналистон муҳайё карда шуд. Барои он ки журналистон таҳаввулоти Ӯзбекистонро ба тамоми дунё  холисона ва хайрхоҳона нишон диҳанд, мо тамоми шароитро барояшон фароҳам меорем, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here