Имрӯз, 7-уми сентябр, президент Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода рафт ва бо худ раиси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро низ бурд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи ин сафар шиносоӣ бо ҷараёни  иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.

Ҳузури Рустами Эмомалӣ дар ин сафар ба хотири байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода, мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироат ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал бастани шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ будааст.

Кори аввали сарвари давлат дар шаҳри Турсунзода оғоз бахшидан ба чиниши пахта дар кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ”, воқеъ дар деҳоти Қаратоғ буд. Кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ” 709 гектар, аз ҷумла 214 гектар замини корами табиии обёришаванда, беш аз 60 гектар замини корами тавассути пойгоҳи обкашӣ обёришаванда ва 433 гектар замини корами лалмӣ мавҷуд мебошанд.

Сипас, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии шолӣ дар ҶСК “Ҳақиқат” оғоз бахшид. Хоҷагии мазкур 887 гектар дорад ва имсол саҳмдорони он дар масоҳати 45 гектар шолӣ кишт караанд.

Дар доираи ин сафари кории президент ба шаҳри Турсунзода зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Равшан” баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Шиддати зеристгоҳи барқии “Равшан” то татбиқи лоиҳа бо дарназардошти сохтори техникӣ дар сатҳи 220/35/10 кВ фаъолият мекард. Дар заминаи васеъсозӣ ва насби дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ  иқтидори он ба 220/110/10 кВ табдил дода шуда, тавоноии он аз 270 МВА ба 400 МВА баланд бардошта шуд.

Сипас, Маркази табобатии «Нури шифо»-ро дар кӯчаи Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҷамияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури шифо» дар доираи иқдомҳои созанда ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани солгарди навбатии истиқлоли давлатӣ ва ҷавобгӯ сохтани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷурахон Хоҷамқулов бо маблағи умумии беш аз 2 миллион сомонӣ сохта шуда, дорои шароити мусоиди кору хизматарасонӣ мебошад.

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода майдони Парчами давлатӣ ифтитоҳ карда шуд. Ин майдон дар масоҳати умумии 6 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, баландии пояи парчам бо дарназардошти таҳкурсиаш 50 метрро ташкил медиҳад. Парчами давлатӣ дар маркази шаҳр қомат афрохта, андозаи матои он 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафараш дар деҳоти Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сардор-2008» оғози расмӣ бахшид. Дар корхона номгӯйи маҳсулот аз 1 намуди соли 2010 ба 6 намуд ва 30 навъ расонида шуда, ҳаҷми истеҳсоли он низ ба 1 миллион сомонӣ ва ё 1 миллиону 300 ҳазор дона маҳсулоти тайёр баробар гардид.

Дар идома президент бо раиси шуҳри Душанбе дар деҳоти Ҷура Раҳмонови шаҳри Турсунзода ба хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» рафтанд ва бо рафти тайёр кардани мавиз, ки бо усули махсус сурат мегирад, шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” дорои 2 гектару 75 садяк замин мебошад, ки аз ин беш аз 1 гектару 30 садяк заминро масоҳати ангурбоғ ва боқимондаро кишти картошка, бодиринг ва помидор дар бар мегирад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here