Писари президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов раиси вилояти Аҳал таъйин шудааст. Президенти Туркманистон дар як суҳбати видеоӣ бо раҳбарони вилоятҳо писараш Сардор Бердимуҳаммадовро раиси вилояти Аҳал таъйин кардааст, хабар медиҳад «Спутник» дар такя ба иттилои телевизиони маҳаллӣ.

Моҳи январи ҳамин сол Сардор Бердимуҳаммадов муовини раиси вилояти Аҳал таъйин шуда буд. Соли 2018 ӯ дубора дар парлумон вакил интихоб шуд.

Хабар дода мешавад, ки раиси пешини вилояти Аҳал Шуҳрат Амангелдиев ба ба кори дигар гузаштааст.

Президенти Туркманистон ба раҳбари нави вилоят дастур додааст, ки фаъолиятро дар самти мубориза зидди сӯхтор пурзӯр намояд.

Вилояти Аҳал яке аз панҷ вилояти Туркманистон буда дар ҷануби ин кишвар воқеъ аст. Ин вилояти марказии Туркманистон ба ҳисоб меравад, чун пойтахти кишвар шаҳри Ашқобод дар ҳудуди ҳамин вилоят ҷой гирифтааст.

Сардор Бердимуҳаммадов соли 1981 ба дунё омадааст. Ӯ донишгоҳи кишоварзии ба номи Ниёзовро бо ихтисосаш муҳандис-технолог хатм кардааст.

Дар акс Сардор Бердимуҳаммадов (акс аз ТАСС)

Добавить комментарий