Дар Ӯзбекистон зиндониҳо ҳақ пайдо мекунанд, ки бо наздиконашон тавассути алоқаи видеоӣ мулоқот кунанд.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11-уми август чанд ҳуҷҷатро дар бахши ислоҳоти низоми зиндонҳо ба имзо расонидааст. Ин ҳуҷҷатҳо муосирсозии маҳбасхонаҳои Ӯзбекистонро дар назар доранд. Дар маҳбасхонаҳои ин кишвар мехоҳанд, дастгоҳҳои муосири назоратро насб кунанд.

Низоми алоқаи видеоӣ миёни Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, зербахшҳои ин ниҳод ва муассисаҳои ислоҳӣ ба роҳ монда мешавад. Шавкат Мирзиёев иҷозат додааст, ки зиндониҳо низ аз ин дастгоҳҳо истифода карда, бо наздиконашон тариқи алоқаи видеоӣ мулоқот кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here