Президенти Русия Владимир Путин ба нақша гирифтааст, ки аввали сентябр танҳо барои як рӯз шуғлашро иваз кунад.

Ба гузориши “Спутник”, Владимир Путин президенти Русия, қасд дорад, якуми сентябр дар мактабе дар шаҳри Ераслав, барои донишомӯзони як синф, дарси озод баргузор кунад.

Ҳамин тавр, Путин рӯзи аввали сентябр, ки рӯзи оғози таҳсил дар Русия аст, муаллим мешавад. Ин хабарро яке аз коркунони наздик ба дастгоҳи президент дар Русия, мунташир кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here