Имрӯз, 24-уми март, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади шиносоӣ ба ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалишавии барномаҳои давлатӣ, корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мулоқоту дидор бо намояндагону фаъолон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, ошноӣ бо вазъи рӯзгори мардум, рафти корҳои саҳроӣ, ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ба вилояти Хатлон омад.

Пешвои Миллатро дар фурудгоҳи байналмилалии Бохтар  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар масъулин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Роҳбари давлат зимни сафари кории худ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар  корхонаи истеҳсоли дучарха ва ҷӯроббофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомони Расул”-ро мавриди истифода қарор дод.

Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Расул Соҳибназаров ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст, ки бо таъсиси он 30 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор таъмин шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар корона истеҳсолӣ беш аз 10 намуд дучарха бо шаклу андозаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст ва имкон аст, ки дар як моҳ 1000 адад дучарха истеҳсол гардад.

Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар нахуст бинои Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтарро ифтитоҳ кард.

Коллеҷи тиббии инноватсионӣ дар шаҳри Бохтар дорои маҷлисгоҳ, 65 синфхона, 10 ҳуҷраи маъмурӣ, утоқҳои алоҳида барои кафедраҳои стоматологӣ, момодоягӣ, технологияи информатисонӣ, китобхонаи электронӣ барои 1700 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафари кории худ дар шаҳри Бохтар  корхонаи истеҳсоли бомпӯши (шифер) Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар шифер”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати як гектар бунёд гардидааст.

Фаъолияти корхона дар се баст ба роҳ монда шуда, 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар корхона ду хати муосиртарини технологӣ аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст.

Маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 1500 то 2000 дона бомпӯш истеҳсол мекунад. Иқтидори соланаи корхона 1 миллиону 100 ҳазор дона бомпӯш буда, бо дарназардошти талаботи бозор имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.

Сафари кории роҳбари давлат дар вилояти Хатлон ҳоло идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here