Имрӯз, 20-уми сентябр, сафар кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод оғоз шуд. Сардори давлат чун ҳамеша дар қатори корҳои давлатӣ аз зиндагии ятимон низ огоҳ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, субҳи имрӯз, нахуст аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон ва нашъунамои ниҳол дар ниҳолхонаи хоҷагии деҳқонии «Хайриддин»-и ноҳияи Файзобод дидан кард. Сипас, 2 майдончаи варзишӣ ва маркази хизматрасониро дар ҳамин ноҳия ба истифода дод.
Дар идома, сардори давлат барои бунёди бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод санги асос ниҳод ва дар назди тандиси нишони давлатии Тоҷикистон дар маркази ин ноҳия гул гузошт.
Дар рафти ин сафар, Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Файзобод боздид кард. Сипас, як толори варзишӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64-ро ба истифода дод. Сардори давлат ба 32 нафар ятими кулл аз 9 ҷамоати ноҳияи Файзобод туҳфаҳои идона тақдим кард.