Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон сафар кард.
Дар ин сафар Президентро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба рӯзномаи ҷаласа даҳ масъалаи самтҳои мухталифи ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод дохил карда шудаанд. «Иштирокчиёни вохӯрӣ дар мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, дурнамои густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар доираи Созмон баррасӣ хоҳанд кард», — омадааст дар иттилоияи ин ҷаласа. Интизор меравад, ки як барномаи амал барои густариши шарикӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ қабул шавад.