— Ба Вазорати молия, Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои аз 1-уми сентябри соли 2021 зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти умуми ва дигар имтиёзҳо барои омӯзгорони чунин муассисаҳо, бахусус омӯзгорони ҷавонба ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд, — гуфт Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, 18-уми март дар мулоқоти бо кормандони соҳаи маориф ва олимони кишвар.
Сарвари давлат таъкид кард, устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз ин фанҳо ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ карда шаванд.
— Олимоне, ки ихтирооташон дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ мешаванд, ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда шаванд, — иброз намуд Эмомалӣ Раҳмон.